Нашрияи Омӯзгор

Шамил Абдураҳмонзода - сазовори ҷойи дуюм дар олимпиадаи байналмилалӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 129        Шарҳ: 0

 

Донишҷўи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид.

Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон - давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) баргузор гардида, мақсад аз он баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, шиносоӣ бо асосҳои мурофиаи интихоботи демократӣ ва сайқал додани дониши мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Дар олимпиада 1213 донишҷў аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё иштирок намуданд. Дар баробари донишҷўёни донишгоҳҳои ИДМ, инчунин, муҳассилин аз донишгоҳҳои Руминия, Конго, Латвия, Сербия ва Черногория иштирок намуданд.

Озмун аз се давр иборат буда, ду давр дар Тоҷикистон ва давраи ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Олимпиадаи мазкур аз 1 то 30 сентябр баргузор гардида, аввали моҳи декабри соли равон ғолибон муайян ва дипломҳо ба таври электронӣ ба гирандагони он расонида шуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш