Нашрияи Омӯзгор

Адабиёти рус ва воқеияти зиндагӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 110        Шарҳ: 0

 

Адабиёти рус дар дар радифи адабиёти ҷаҳон қарор дошта, дар назму наср аз ҷониби шоирону нависандагони ин миллат шоҳкориҳое таълиф гардидаанд, ки дар тасвиру бозтоби зиндагии воқеии мардуми заҳматкашу бенавои сарзамини рус саҳми мондагор гузоштаанд.

Осори назмии А.Пушкин, Некрасов, Державин, М.Лермонтов  ва асарҳои мансури Н. Гогол, А. Чехов, Л. Толстой, Ф. Достоевский, М. Горкий, М. Шолохов, М. Булгаков ва амсоли инҳо кайҳост, ки ба хазинаи адабиёти ҷаҳон ворид гардидаанд. Чунонки маълум аст, сардафтари адабиёти классикии рус А.Пушкин бо ашъори волои инсонпарваронаи худ, ки аз ҳунару истеъдоди баланду нотакрори ў шаҳодат медиҳанд, дар офаридани образи мардуми накукору ватандўст, тасвири манзараҳои зебою дилангези табиати кишвари рус, таҷассуми ишқу муҳаббати поку самимӣ нақши нозудуданӣ гузоштааст. Пушкин ба забону адабиёти тоҷикӣ (форсӣ) меҳру муҳаббати беандоза дошт, осори шоирони барҷаста, аз ҷумла, Фирдавсию Ҳофизро зиёд меомўхту мутолиа мекард. Тавре муҳаққиқон таъкид мекунанд, як силсила ашъори шоири тавонои рус дар пайравии шоирони  тоҷику форс навишта шудаанд, ки намунаи маъруфи он шеъри «Муҷассама»-и ўст, ки аз ҳар ҷиҳат қитъашеъри Абулқосим Фирдавсиро, ки бо мисраи «Паяфкандам аз назм кохе баланд…» оғоз мегардад, ба ёд меорад. Пушкин дар таълифи асарҳои насрӣ низ қобилияти фавқулода дошт, ки повести «Духтари капитан» аз ин қабил осор ба шумор меравад. Дигар аз шоирони бузурги рус М.Лермонтов мебошад, ки  бо ашъори пурмуҳтаво ва  осори насрии  худ дар адабиёти рус ҷойгоҳи шоистаро ишғол кардааст. Як қисми  хаёти худро Лермонтов дар Қафқоз гузаронида, мафтуни мардуми ин сарзамин ва зебоиҳои табиати кўҳсори он гардидааст ва ҳосили мушоҳидаву  бардоштҳояшро дар силсилаашъори баландмазмунаш, хусусан, дар шеърҳои ба тасвири табиат бахшидааш, ҷозибу муассир ифода намудааст. Лермонтов бо асарҳои  насрии худ низ шуҳрат пайдо кардааст. Романи  мондагори адиб – «Қаҳрамони даврони мо» аз асарҳои мақбулу дўстдоштатарини халқу миллатҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бояд зикр кард, ки таъсири ин ду шоир ба адабиёти тоҷик хеле калон аст. Осори назмиву насрии Пушкину Лермонтов борҳо ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр гардидаанд. Сарнавишти ҳар ду нобиға ба фоҷеа анҷом ёфта, онҳо дар дуэл ба ҳалокат мерасанд. Яке аз дигар намояндаи адабиёти оламшумули рус Н.Гогол ба шумор меравад, ки бо асарҳои насрияш худ дар таҳаввулу пешрафти адабиёти рус нақши бориз гузоштаанд. Асарҳои нависанда – «Шабнишиниҳо дар назди хутори Диканки», «Тимсол», «Тарас  Булба», «Шинел», «Ҷонҳои мурда», «Муфаттиш», «Қайдҳои ақлбохта» ва ғайра воқеан шоҳкориҳои адабӣ ба шумор рафта, дар ифшо намудани  камбудию беадолатиҳои ҷомеаи вақти рус ва танқиди амалдорону ҳукуматдорони давр мусоидат намуда, бо лаҳни тунду зарофатомез иншо шудаанд. Қиссаю роман ва драмаҳои Н.Гогол низ аз ҷониби нависандагони тоҷик тарҷума шудаанд. Ба эҷодиёти Гогол на танҳо дар замони зиндагияш, баъдан  низ бузургони аҳли илму адаб (аз ҷумла, Г.Марес, Ч. Айтматов…) баҳои баланд додаанд.

 

Муътабар Юлдошева,

омўзгори гимназияи №2, ноҳияи Шоҳмансур

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш