Нашрияи Омӯзгор

Қиматтар аз лаълу гуҳар

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Об яке аз унсурҳои муҳими экологӣ барои организми зинда ба шумор меравад. Обро муъҷизаи табиат меноманд. Муҳимтарин мубодилоти ҳаётан зарури биологии организмҳо бо иштироки об ба амал меоянд. Аз ин ҷост, ки об қисми ҷудонашавандаи кулли организмҳои зинда ба шумор меравад. Аммо афсўс, ки солҳои охир захираҳои об дар кураи замин тадриҷан кам мегардад. Бино ба иттилои мутахассисон, имрўз дар ҷаҳон бештар аз ду миллиард одам ба оби нўшокӣ эҳтиёҷ доранд. 

Вобаста ба ҳамин нуктаи муҳим, дар яке аз ҷаласаҳои  СММ аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  чун ҳамешагӣ барои ҳифзу нигаҳдошт ва таваҷҷуҳи бемайлон ба ин сарвати муҳими табиат пешниҳоди навбатӣ Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои  рушди устувор»  солҳои 2018 - 2028» якдилона қабул гардид. Ҳадафи асосии эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои  рушди устувор» мусоидат ба саъйю талоши ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири то соли 2028 иҷро намудани уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба захираҳои об ба шумор меравад. Чунин иқдом боиси сарфарозии миллати мост, ки ҷониби Тоҷикистон тавонист дар ин самт ҳиссаи худро гузорад. Вобаста ба ин масъала то имрўз дар аксари чорабиниҳои  сатҳи гуногун сухан аз боби муносибати эҳтиёткорона нисбат ба об меравад.

Аз ҷумла, чунин як чорабинии адабию фарҳангӣ  дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Қиматтар аз лаълу гуҳар» бо иштирорки васеи аъзои ин марказ, меҳмонон  ва як қатор устодони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барпо гардид.

Директори муассисаи номбурда    Умедҷон Сафарзода  иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ ба татбиқи Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» рабт дорад. Ҳадаф аз баргузории он, шинос гардондани хонандагон ба дастовардҳо ва амалҳои иҷронамудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаи матраҳгардида мебошад. Бино ба гуфти ў, дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои зиёде амал мекунанд, ки ҳар сари чанд вақт доир ба масоили мубрами аҳамияти ҷумҳуриявидошта гуфтумон байни устодону шогирдон ба вуқўъ мепайвандад. Чорабинии имрўза  бо ташаббуси Зулфия Сафарова, сармутахассиси шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти марказ таҷлил гардид.

       Дар ин ҳамоиш байни сокини калонсоли ноҳияи Дарвоз Фотима Сулаймонова, ки  бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба пойтахт  омада буд, бо хонандагони марказ саволу ҷавоб сурат гирифт.  Ў ба наврасон доир ба аҳамияти мутолиа ва интихоби касбҳои дархўри замон маслиҳатҳои муфид дод. Ба як қатор иштирокдорони маҳфилҳои гуногуни марказ барои иштироки фаъолонаашон ифтихорномаҳо  супорида шуд. Дар қисмати фарҳангӣ  аъзои «Маҳфили рақс» - и марказ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишинашон хотири иштирокдоронро болида гардонданд.      

 

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш