Нашрияи Омӯзгор

Меҳри безавол

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 117        Шарҳ: 0

 

Оромиву шукўҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кўдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама, кўдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дўстӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ сарфаҳм раванд. Ин кор, пеш аз ҳама, маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Бинобар ин, дар мактабҳо фазои сулҳ,  ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату муқаддасоти Тоҷикистон ҳукмфармо, танинандоз ва дар мадди аввал қарор гирифтааст. Тарбияи ҳисси ватандўстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи замонҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва заҳматталаби ҷамъиятӣ шуморида шуда буд ва ин мафҳум то ҳол идома ёфта истодааст. Барои амалӣ ва самарабахш натиҷабардорӣ кардан аз чунин мафҳумҳо бояд аз кўдакистонҳо сар карда, бачагонро дар рўҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, садоқат ба ватан ва ғояҳои олии муқаддасоти кишвар парвариш намоем. Тарбияи ватандўстии хонандагон вобаста ба синну соли онҳо гуногунранг мешавад. Ба он муаллимаҳо, мураббияҳо, роҳбарони синф дар ҷараёни дарс ва берун аз он бо назардошти нақшаи таълимӣ ва нақшаи тарбиявии мураттаб намудаи худ тариқи соатҳои тарбиявӣ, корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ амалӣ менамоянд. Дар мактабҳо асосан чунин кор тариқи соатҳои тарбиявӣ ба нақша гирифта мешаванд; вохўрӣ гузаронидан бо иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва нақл кардани ҳаёти қаҳрамонони шуҷоъ, гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, омода намудани ҳар гуна озмунҳо бахшида ба пос доштани арзишҳои миллӣ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон.

Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ў ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:

Ватанро бинозам, маро дар канор

Чу модар гирифту намуд бахтиёр...

Мурод аз офаридани образи ватандўстона дар адабиёти олам, бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.

Вале вазифаи мо танҳо аз бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шуку-фоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

Шоҳида ҲОҶИБОЕВА,

омўзгори синфҳои ибтидоии гимназияи №2-и ба номи Камоли Хуҷандӣ,

шаҳри Бўстон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш