Нашрияи Омӯзгор

Ватанро бинозам…

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

 

Имрўз дар ҷаҳони зудтағйирёбанда мо шоҳиди онем, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ ба амният ва суботу оромиши кишварҳои рў ба тараққӣ таҳдид эҷод намуда, арзишҳои милливу фарҳангӣ, таърихӣ ва дунявиро аз байн бурдан мехоҳанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки чунин гурўҳҳои мухолифи давлат дар хориҷи кишварамон  маҳз бо пуштибонии хоҷаҳои хориҷиашон даст ба аъмоли ноҷавонмардона мезананд. Мусаллам аст, ки ҳеҷ гоҳ онҳо ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.

Сол ба сол дар ҷаҳони пурошўб баҳсу талошҳои идеологӣ вусъат меёбанд. Аз ин рў, ҳар як миллату давлат дар ҳифзи арзишҳову ормонҳои миллии худ талош меварзад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар як шаҳрванди худ шароити зиндагии мусоиду арзанда фароҳам овардааст. Ин матлаб дар оғози Конститутсияи кишвар дарҷ гардида, асоси идеологияи давлати миллии моро ташкил медиҳад.

Дар ниҳоди  насли наврас аз даврони кўдакӣ бояд эҳсоси худогоҳӣ, ватанпарастию ҳувияти миллиро тарбия намоем. Воқеан, дар машғулиятҳои  тарбиявӣ ба шогирдон бояд омўзонем, ки  оромиву шукўҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, нозу неъмат фаровон гашта, сатҳи некуаҳволии мардум баланд мегардад.

Myҳaббат ба Ватан, аслан, дар давраи кўдакӣ пайдо шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад.

Тавсифу ситоиши Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори ғояи ватандўстӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта фармудааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан

диҳем,

 Аз он беҳ, ки кишвар ба душман

диҳем.

Мурод аз офаридани образи ватандўстона дар адабиёти олам, бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.

Амонқул ДЎСТОВ,

омўзгори МТМУ №7 –и

шаҳри Панҷакент

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш