Нашрияи Омӯзгор

Мастчоҳ: 1600 адад мизу курсӣ дастрас карда мешавад

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ барои 3200 ҷойи нишаст ба миқдори 1600 адад мизу курсӣ кумак расонида мешавад.

500 адад мизу курсӣ 9 декабр ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни тақсими мизу курсиҳо ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки дар навбати аввал он муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъмин карда шаванд.

«Бо дастгирии бевоситаи роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳия барои 3200 адад ҷойи нишаст мизу курсӣ таъмин карда шуд. Имрўз 500 адад мизу курсӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба мо дастрас шуд. Рўзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар мерасад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимие, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин карда шаванд. Нақша дорем, ки давоми соли равон бо дастгирии соҳибкорон  мактабро бо компютер низ таъмин намоем»,- иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 27 899 нафар хонанда таҳсил менамоянд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш