Нашрияи Омӯзгор

Рушди саноат – тақозои замон

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 190        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ–назариявӣ дар мавзуи «Саноатикунонии босуръат – асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ» баргузор шуд. Дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Сардори раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброри Шукўҳиддин дар мавзуи “Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ”,  профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов таҳти унвони “Манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ҳошияи муҳоҷирати ҷаҳонӣ: алоқамандӣ ва ҳамкориҳо” тариқи онлайн, муовини ректор оид ба таълими ДКМТ Замониддин Насриддинов таҳти унвони “Потенсиали конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар”, роҳбари ҶДММ “Хадид”-и шаҳри Истаравшан Мавлон Худойбердиев бо номи “Рушди устувори корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан дар низоми таъмини рақобатпазирии саноати миллӣ”, мудири шуъбаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва нашрияҳои даврии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Насиба Шаропова дар мавзуи “Рушди соҳибкории саноатӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва докторанти курси аввали ДДҲБСТ Муҳиба Ҳасанова дар мавзуи “Таъсири инқилоби “Саноати 4.0”ба вазъи саноатикунонии мамлакат дар шароити рақамикунонӣ” маъруза намуданд.

Ҳадафи конференсия ташкили муҳокимаи конструктивӣ  оид ба масъалаҳои назариявию амалии таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ арзёбӣ карда шуд.

Дар доираи бахшҳои кори конференсия муҳокимаи мавзуъҳои рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш