Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи технологияи иттилоотӣ – омили пешрафт

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 134        Шарҳ: 0

 

Технологияи информатсионӣ коркарди компютерии ягон маълумот оид ба алгоритмҳои муайяншуда ва пешакӣ коркардшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, ин интиқоли маълумот ба ягон масофа дар муддати хеле кам мебошад. Қисми ҷудонашавандаи ин ҷараён нигоҳ доштани ҳаҷми калони маълумот ба ҳисоб меравад.

Мо дар давраи тараққиёти информатсионӣ зиндагӣ дорем. Технологияи информатсионӣ ба туфайли компютерикунонӣ ба дараҷаи тамоман нави нигоҳдорӣ, интиқол, қабул ва коркарди маълумотҳо мебошад.

Коркарди маълумотҳои технологӣ, захираи сарфшаванда мебошанд ва мутахассисони баландихтисосро талаб менамояд. Новобаста ба ҳамаи ин, амаликунонии мазкур бо табаддулоти револютсионӣ баробар аст.

Иқтисодиёти информатсионӣ аксар ҷанбаҳо ва асосҳои иқтисодиётро тағйир дод, ки ба он функсияи пул тааллуқ дорад, ки аз эквиваленти умумии хароҷоти меҳнат бо мурури замон ба воситаи ҳисоботӣ табдил ёфт.

Ҳамчунин, меваи тараққиёти технологияи информатсионӣ, низоми пардохт ва бонкҳои виртуалӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар иқтисодиёт ва савдо технологияи информатсионӣ барои чунин амалиёт  ба навъҷудокунӣ азнавкоркунии маълумотҳо ҳамчунин, барои ташкил намудани ҳамкории техникаи ҳисоббарор ва иштирокчиёни ҷараён истифода бурдани технологияи информатсионӣ барои қонеъ намудани талаботи информатсионӣ амалиёти алоқа хизмат мекунанд. Барои он ки технологияи информатсионӣ, ба пуррагӣ кор кунад, истифода бурдани онро ҳамаҷониба омўхтан зарур аст. Дар натиҷа ниҳодҳои роҳбарикунанда ба аз нав омўзонидани ҳайати кормандон ва мониторингҳои коркарди нав дар иқтисодиёт дар соҳаи технологияи информатсионӣ аҳамияти калон дода мешавад.

Дар натиҷа технологияи информатсиониро дар иқтисодиёт дар намуди умумӣ, ҳамчун маҷмўи амалиётҳо дар маълумотҳои иқтисодӣ, бо ёрии техникаи компютерӣ, барои ба даст овардани самараҳои мусбӣ истифода бурдан мумкин аст.

Дар идоракунии иқтисодӣ, сохтан ва идора кардани низоми информатсионӣ, бевосита бо тараққиёти технологияи информатсионӣ алоқаманд аст. Технологияи информатсионии автоматикунонидашуда - ин технологии информатсионие мебошад, ки дар он нигоҳдорӣ, интиқол, ҷамъкунӣ ва коркарди маълумотҳо усул ва воситаи техникаи ҳисоббарор ва низоми алоқа истифода бурда мешавад.

Пештар ҷараёни банақшагирии низомҳо аз коркарди доираи маълумотҳо ҷудо буд. Айни ҳол мавҷудияти он низ мустақилона ба амал омада истодааст ва аз мутахассисон-лоиҳакашон донишу тахассуси баландро талаб мекунад. Ҳамин тавр, айни ҳол технологияи информатсионӣ дар истеҳсолот истифода бурда мешавад, ки онҳо ба ҳар як истифодабаранда дастрас буда, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки ҷараёни лоиҳакашии қисматҳои алоҳидаро бо коркарди информатсионӣ якҷоя кунад.

Ба инҳо почтаи электронӣ, идораи электронӣ, ҷараёни матнӣ ва ҷадвалӣ дохил мешаванд.

Дар иқтисодиёт технологияи информатсионӣ гуфта, истифодабарии компютер, алоқаи телефонӣ, кабели телевизионӣ техникаҳои дарозумра, барномаҳои омўзиширо меноманд. Дар заминаи тараққиёти муносибатҳои бозорӣ намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ пайдо мешаванд, ки он ба ташкил намудани ширкатҳо дахл доранд. Фаъолияти онҳо аз соҳибкории информатсионӣ, коркарди технологияи информатсионӣ, паҳн намудани қимматҳои системаи автоматикунонӣ иборат мебошад.

Дар айни ҳол тамоили муттаҳидкунии намудҳои гуногуни технологияи информатсионӣ ба маҷмуи ягонаи компютерӣ-технологӣ идома дорад. Дар он воситаи коммуникатсия нисбатан аҳамиятнок мебошад, ки он имкониятҳои васеи фаъолияти идоракунии автоматикунониро таъмин карда, бевосита асоси сохта шудани вариантҳои гуногуни шабакаҳои технологияи информатсионии автоматикунонидашуда ба ҳисоб меравад. Ба инҳо маҳдудкунии бисёрдараҷагӣ, тақсимоти шабакаҳои глобалии ҳисоббарорӣ, почтаи электронӣ, шабакаҳои рақамӣ, хизматрасонии интегралӣ дохил мешаванд. Ҳамаи инҳо бевосита ба ҳамкории технологи маҷмўи объектҳо асоснок карда шудаанд ва дар он дастгоҳҳои интиқол, ҷамъкунӣ, азнавкоркардкунӣ, нигоҳдорӣ таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин ҳифзи маълумотҳо, ки дар маҷмўъ, якҷоякунонии системаи компютерии коркарди маълумотҳои мушкилро дарбар мегирад ва онҳо қариб, ки аз имкониятҳои истифодабарӣ барои амаликунонии ҷараёни идоракунӣ дар иқтисодиёт маҳдуд карда нашудаанд.

Хуллас, технологияи информатсионии нав, асоси гузариши тараққиёти ҷамъият ба давраи инфоматсионӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

 

Азизахон АБДУРАҲМОНОВА,

ассистенти кафедраи

математикаи  олӣ ва

информатикаи

Донишкадаи кўҳию

металлургии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш