Чун фарзандон ба дунё меоянд, падару модарон аввал мекўшанд, ки барояшон номи хуш гузоранд. Дар мавриди ба синфи якум рафтани онҳо низ бетаваҷҷуҳ нестанд. Омўзгори босалоҳияту таҷрибадор интихоб менамоянду бо ниятҳои нек бо фарзандон ба остонаи таълимгоҳ қадам мениҳанд.
Аксари волидайн то ин дам, яъне то ба мактаб бурдани фарзанд бо завқ ба таълиму тарбияи ў таваҷҷуҳ мекунанд. Баъд тақдир ва таълиму тарбияи ўро ба зиммаи омўзгор вомегузоранд. Бештари падару модарон дар он ақидаанд, ки мактабу муаллим бояд фарзанди онҳоро таълиму тарбия диҳад. Маҳз ҳамин масъулиятгурезӣ ва канорагирии волидон пояи тарбия ва ахлоқи наврасону ҷавонони моро суст кардааст.
Домони тарбия фарох аст. Аз ҳамин нуқтаи назар ба фарзандон на танҳо дар кўдакӣ, балки дар давраи наврасию ҷавонӣ низ бояд эътибори хоса дод. Агар бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ дар ҳаёти оилавиашон, албатта, дар вақтҳои заруруат дахл карда, кору бори рўзгордориро ҳам ёд диҳем, иштибоҳ нахоҳем кард. Доираи дўстону шахсони ўро, ки бевосита ба вай таъсир мерасонанд, бояд бишносем. Имрўз, ки ҷавонон бештар ба хабарфаҳмӣ (на мутолиаву таҳлилҳои асоснок ) майл доранду ҳар фикру андешаи сабукро бе таҳлил ва зуд дар зеҳнашон ҷой медиҳанд, моро зарур аст, ки аз мукотиботи фарзандамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф бошем. Мутаассифона, тавассути ин қабил шабакаҳо ба мафкураи ҷавонон ғояҳои бегонаро ворид месозанд. Дар давраи наврасӣ ва ҷавонӣ бача метавонад дар бораи ин ё он масъала ақидаашро зуд тағйир диҳад. Аз пайи ҳавас ва озмоиш рафта, худро ба чоҳи ин ҳама нокомиҳо мерасонад. Бинобар ин, ҳар як падару модарро лозим аст, ки дар хонадони худ фазои фарҳангӣ омода созанд. Ҷавононро ба мутолиаи китоб, маҷаллаву рўзнома даъват кунанд.
Олиме навиштааст, ки волидайн барои фарзанд дар хурдӣ мураббӣ, дар наврасӣ рафиқ ва дар ҷавонӣ бояд раҳнамо бошад. Роздони беҳтарин дўсти фарзанд бояд буд. Барои ин, бо ў ҳамчун бо дўст наздик шуда, муносибатро самимӣ кунад. Кўшиш намояд, ки шавқу завқи ў бо завқи фарзандаш яксон ва ақаллан дар бораи майли ў маълумоте дошта бошад, яъне барои суҳбати самимӣ мавзуи мароқангез пайдо намояд.
Аксаран суханони қабеҳ ҳам дар оила, ҳам дар кўчаву ҳам дар мактабу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба гўш мерасад ва бозгўи маданияти пасти муоширати гўяндаи он буда, ба шунаванда ва атрофиён таъсири ногувор мегузорад. Бинобар ин, барои аз байн бурдани он, мо бояд дастаҷамъона аз оила сар карда, дар мактабу кўча муборизаи қатъӣ барем. Ҳамон тавре ки инсон ба обу ҳаво эҳтиёҷ дорад, ба тарбия низ муҳтоҷ аст. Шахсе, ки тарбияро рукни асосӣ дар зиндагӣ медонад, дар ҳаёту фаъолияти рўзмаррааш сарфарозу сарбаланд аст.
Ҳафиза Алимова,
омўзгори забон ва адабиёти тоҷик,
мактаби миёнаи №3, шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр