Нашрияи Омӯзгор

Технология дар дарси муосир

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Тайёрии технологии хонандагон ба интихоби касб яке аз  звеноҳои марказии маҷмӯи серсоҳаи таълиму тарбия мебошад.

Аз ин рӯ, барои ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта, ки мароми мактаби мост, баробари маълумоти зарурӣ додан, хонандаро низ омода бояд сохт то баҳри иштироки фаъолона дар истеҳсолоти моддӣ тайёр бошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кори ҳар кадоми  омӯзгор доир ба маърифати касбинтихобкунии хонандагон профессиограммаи қаблан  мураттабсохта ёрии калон мерасонад. Профессиограмма қисматҳои зеринро  дар бар мегирад: номи касб ва тақсимоти он ба ихтисосҳои хурд: корҳои  асосие, ки мувофиқи ҳамин касб бештар дучор мешаванд: амалиёти қабул ва фаъолият дар касби мазкур: донишҳои махсус ва умумӣ, ки барои кори иҷрои сермаҳсул ва ихтисосмандона заруранд, аҳамияти ҷараёнҳои психофизиологӣ: яъне хотира, диққат, тафаккур, нутқ, ирода, хасташавӣ, пуртоқатӣ, омилҳои моддию маънавии кор аз рӯи ихтисос мебошад. Технологияи тайёрии меҳнати хонандагон омили ташаккулёбии онҳо ва пайваста   бо ин восита таъмин намудани талаботи хоҷагии халқ ба қувваҳои корӣ мебошад. Он бояд барои хонанда дар мактаб дар давоми дарс (дарсҳои амалӣ ва мустақилона ва ғайраҳо) ба амал бароварда шавад, тамоми корҳои таълимию тарбиявиро фаро мегирад. Баробари ин, дар давраи таҳсил  хонанда ба фаъолияти фикрию ҷисмонии оянда, инчунин ба навъҳои гуногуни ба мақсад мувофиқи онҳо омодагӣ мегирад. Бояд технологияи тайёрии меҳнати хонандагон ба мақсади вазифаҳои маълумоти миёнаи умумӣ усулҳои гуманитарикунонӣ ва ғайраҳо баамалбарории  системаи мактаби нав, мундариҷаву мазмуни таълими мувофиқат  кунад.      

Асоси технологияи тайёрии меҳнати хонандагон ин фанни таълими технология аст, ки  он бояд донишу малакаҳои умуми меҳнатиро фаро гирад, то ки онҳоро бе душворӣ ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҳозиразамон раҳсипор созад. Аз ҷумла, хонандагон дар давоми таҳсил дарсҳои фанни: «Касбу ҳунар» ва бобҳои «Маданияти рӯзгордорӣ», «Технологияи коркарди махсулоти хӯрока», «Моделсозӣ ва инструксияи либос», «Технологияи коркарди матоъ» ва ғайраро меомӯзанд. Меҳнати хонандагон бояд ба талаботи воқеии зиндагӣ алокаманд буда, барои ҷамъият ва оила муфид бошад. Дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ хонандагонро ба фаъолияти эҷодӣ ҷалб намудан лозим аст, то ки дар такмили асбобу анҷом, ҷойи кор, банақшагирии кор ва ғайраҳо саҳме гузоранд. Мисол: хонанда дар омӯзиши мавзӯи «Моделсозӣ ва сохтори либос» дар вақти иҷрои корҳои амалӣ бояд чиро тайёр намояд ва донад.

1) Тайёр кардани ангораи намунаи либос аз рӯи тасвир.

2) Технологияи коркарди техникии нақшаи намуна аз рӯи тарҳ. Технологияи асосҳои амсиласозӣ ва ороиши бадеии либос иборат аст аз:

1) Мақсад ва вазифаҳои амсиласозии либос вобаста ба қадду қомат ва синну сол. Вобастагии намуди либос аз намуди қадду қомати шахс.

2) Таносуби қадду қомати одам. Қоида ва моделҳои сохти кадду қомат. Мафҳум дар бораи қадду қомати типӣ ва тавсифи он.

 

Зумрад ШариФова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш