Нашрияи Омӯзгор

Хидматашро аз дилу ҷон мекунем

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои тарбиявӣ, ман ба мавзуи дўст доштани ватан, хештаншиносии насли наврас ва дар рўҳияи ҳувияту ормонҳои миллӣ тарбия ва ба камол расондани шогирдон бештар суҳбат ороста, диққати хонандагонро ба он ҷалб менамоям, ки тоҷикон таърихи бою ғанӣ дошта, бо он ифтихор мекунанд.

Аввалин давлати мустақили тоҷикон дар асри  Х, дар давраи ҳукмрони Сомониён ташкил гардида, он дар замони давлатдории шоҳ Исмоили Сомонӣ ба пояи баланди тараққиёти худ расида буд. Қаламрави давлати Сомониён бузургу паҳновар буда, душманони ин марзу бум ҳамвора орзуи соҳиб шудан ба заминҳои ҳосилхезу шодоби кишвари тоҷиконро мекарданд. Ҳамин аст, ки қавму  қабилаҳои кўчии Қарахониёну Қарахитоиён пайваста кўшиши сар даровардан ба марзи сарзамини паҳновари тоҷиконро мекарданд. Ин қасди муғризонаи душманонро ба мушоҳида гирифта, шоҳ Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки «ман девори Бухороям». Тавре медонем, дар тўли таърих аҷнабиёни ғосиб борҳо ба кишвари тоҷикон ҳуҷум оварда, қасру кушк ва биноҳои фарҳангиро вайрону хароб намуда, тухми тарсу ҳаросро дар марзи дили мардуми сарбаланду боғурури тоҷик коштан мехостанд. Аммо қаҳрамонони далеру ватандўсти тоҷик, амсоли Спитамену Темурмалик, Сумбоди Муғ, Маҳмуди Торобӣ баъдтар Восеи бебок бар зидди истилогарон муборизаҳои беамон бурда, нагузоштанд, ки сарзамини тоҷикон қадамҷои арабу муғулу турк гардад. Маълум аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём такя бар хираду дониш намуда, ҳеҷ гоҳ дар сар ҳавои забти кишварҳои дигар ва ғулом намудани халқу миллати ғайрро надоштанд. Шиори миллати хирадоини тоҷик сулҳу дўстӣ буда, реша дар гуфтаи «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» дошт. Ба ҳамин хислатҳои неки инсонии тоҷикон ишора намуда, шоири  шаҳир, шодравон Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Пас аз гузашти ҳазор сол офтоби бахту саодати миллати тоҷик шуъларез гардид ва тоҷикон соҳиби давлати мустақил шуданд. Бар асари кашмакашу ҷангҳои бебунёд, бо хиради азалии худ фарзанди соҳибшавкату фидокори тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни ҷангу оташ гузашта, сулҳу ваҳдатро таҳким бахшиду зиндагии осоиштаи мардумро таъмин намуд. Имрўз Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешрафта буда, бо тақрибан 180 давлати ҷаҳон равобити дўстию ҳамкорӣ дорад. Аз ин рў, панд медиҳам ба шогирдон, мо бояд ҳар як ваҷаб хоки ин ватанро дўст дорему барои ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошем. Воқеан, миллати тоҷик соҳибтамаддуну фарҳангӣ буда, бо уламою удабо ва мутафаккирони худ фахр мекунаду сарфарозӣ.

Тарбияи хонандагон дар рўҳияи ҷасорату мардонагӣ, азму иродаи росих, ғуруру сарбаландӣ, бешак, аз дўст доштани ватани азизамон Тоҷикистон оғоз мегардад. Тоҷикистонро дўст доштан бошад, аз таҳсилу донишандўзӣ ва хидмат барои он сарчашма мегирад.

 

Зафар Маҳмадов,

омўзгор, шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш