Нашрияи Омӯзгор

Дўст медорад ҳама фарзанди боодобро

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 126        Шарҳ: 0

 

Ҳамбастагӣ, ягонагӣ ва робитаи ҳамешагии таълиму тарбияро мутахассисони соҳаи педагогика борҳо таъкид кардаву бо мисолу далелҳои устувор ва ҷолибу муассир ба исбот расондаанд. Дар фаъолияти ҳар омўзгори воқеӣ тарбия дар мадди назари ҳамешагист.

Тавассути асарҳои зиёди педагогӣ собит шудааст, ки бидуни тарбияи комилу фарогир наметавон насли фаъоли ояндасози кишварро ба миён овард. Иртиботи омўзгор бо шогирдон ҳамешагӣ бояд бошад ва аз ин рў, ўро мебояд, ки ҳам дар давоми дарс, ҳам дар муҳити мактаб ва ҳам берун аз он ба рафтору гуфтори онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва дар ҳар лаҳзаи зарурӣ ба ислоҳашон бикўшад. Беҳуда нест, ки чун хонанда дар мавзее рафтори хуб ё бад зоҳир мекунад, аз ў мепурсанд: «устодат кист?» Беҳтарин омўзгорон шоистатарин шогирдонро мепарваранд, шогирдоне, ки аз ҳар ҷиҳат ҳам дар мактаб, ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа фаъоланд. Ин қитъаи машҳур ба ҳамин мазмун ишорат мекунад:

Дўст медорад ҳама фарзанди боодобро,

Медиҳад бар чашм ҷо ин гавҳари ноёбро.

Ҳам падар розию ҳам устоду ҳам халқу Ватан,

Зикри некӣ бошад аз ў маҷлиси аҳбобро.

Тарбия дар ҳама ҳолат зарур аст ва муассир бояд бошад. Вале, ба таъкиди муҳаққиқон, муҳимтарин василаи тарбия боз ҳам дарс аст, оре, маҳз дарс, зеро агар асоси ҳар дарс мавзуъ бошад, ҳар мавзуъ бо тарбия робита дорад. Ҳадафи ҳар мавзуъ дугона аст: дониши нав додан ва дар заминаи он тарбия кардан. Ҳамаи мавзуъҳо аз ҳамаи фанҳо моҳияти тарбиявӣ доранд, бо вуҷуди он ки аз ин лиҳоз ин ё он фан бартарӣ пайдо мекунад. Масалан, неруи тарбиявии дарсҳои хониш дар синфҳои  ибтидоӣ хеле барҷаста аст. Дар дарси хониш мутолиаву муҳокимаи ҳикоятҳои хурд, пораҳои шеърӣ, андарзу ҳикматҳо дар меҳвар қарор дорад. Хонандагони синфҳои мазкур шеъру ҳикоятро меписанданд ва ба мазмуни он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз калонсолон борҳо ёддошт шунидаем, ки бо ҳавас мегуфтанд: мазмуни фалон ҳикоят то ҳол дар хотирамон ҳаст, моро сахт мутаассир карда буд, ба тарбияамон асар гузошт, рафторамон дигар кард, ислоҳамон намуд. Калонсолон, аз ҷумла, аз ҳикояте ёдовар мешаванд, ки дар он писар аз падар хоҳиш мекунад, ки барояш айнак биоварад. Падар ба ҷойи айнак ба фарзанди хурдсолаш китоб меоварад. Дар ҷавоби эътирозу ҳайрати ў падар чунин мегўяд: - Писарам, чашмро, пеш аз ҳама, китоб равшан мекунад. Бо айнак ту шояд нури чашмонатро ҳифз менамоию атрофатро беҳтар мебинӣ, бо китоб чашми ту мунаввартар мешавад, ҷаҳон пеши чашмат падид меояд. Китоб роҳнамо, нерубахш, рафиқ ва ғамхору маслиҳатгари туст. Он дўстест, ки ҳаргиз хиёнат намекунад, тамоми умр ба ту содиқ мемонад.

Ҳамчунин, калонсолон аз ҳикояти «Хирс ба гўши Яҳё чӣ гуфт?» бо шавқу муҳаббат ёдовар мешаванд. Дар ин ҳикоят дўстию мададгорӣ ва садоқат таъкиду талқин мешавад.

Хушбахтона, чунин ҳикоятҳои ҳикматомўзу хотирмон ва инсонсоз дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоии замони мо низ фаровон ба назар мерасанд. Вазифаи омўзгор аст, ки аз онҳо дар ҷараёни дарсҳо пурсамар истифода барад, ҷиҳати тарбиявиашонро тавзеҳ бахшад ва ба ин васила, дар тарбияи комилу шоистаи шогирдон ҳар чи бештар нақшгузор бошад. Албатта, омўзгори фаъолу эҷодкор ва ҷўянда бо маводи китоби дарсӣ маҳдуд намешавад ва дар дарсҳояш аз пораҳои назмию насрии худ гирдовардааш бамавриду боҳадаф истифода мебарад.

Абдуллобек ҲОТАМОВ,

омўзгори  синфҳои ибтидоии мактаби №44-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш