Нашрияи Омӯзгор

Ҳамсафари зиндагӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 116        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давру замонҳо инсонҳо барои рушди маънавии худ талош варзида, ба омўзишу мутолиа рўй меоварданд. Дар ин роҳ муҳимтарин омиле, ки ба тафаккур, тасаввур ва фантазияи мо таъсир мерасонад, китобҳо мебошанд. Ҳангоми мутолиаи китобҳо дар зеҳни мо тасвирҳои равшан пайдо мешаванд. Китобҳо ба майнаи инсон таъсир мерасонад ва ҳамин тариқ ўро маҷбур мекунад, ки фикр кунад. Ҳар як китоб ба мо бо роҳҳои гуногун таъсир мерасонад ва аз ин рў, таассуроту бардошт низ мухталиф аст. Ҳангоми мутолиаи асарҳои адабӣ дар мо майлу таваҷҷуҳ ба санъат ва рассомӣ пайдо мешавад, ҳангоми омўзишии асарҳои илмӣ ва тадқиқотӣ хоҳиши эҷод кардан, вақти хондани афсона мо ба давраҳои кўдакӣ бармегардем. Дарвоқеъ, китобҳо ҷаҳонбинии моро тағйир медиҳанд ва ҳамсафари беҳтарин барои гузаронидани вақти холии мо мебошанд. То имрўз аз ҷониби нависандагон, шоирон, олимон ва равоншиносон китобҳои фаровоне навишта шудаанд. Онҳо донишҳои гирифтаи худро дар китобҳо нақл карда, ба наслҳои нав мерасонанд. Баъзан, душвор аст, ки хонандагон дарк кунанд, ки осори Саъдии Шерозӣ, ки дар асри ХIII умр ба сар бурдааст ва ё ашъори Умари Хайёмро, ки аз асри X то ба имрўз расидаанд, мутолиа карда метавонанд.

Муҳаррам САТТОРОВА,

омўзгори синфҳои ибтидоии

МТМУ №3, шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш