Нашрияи Омӯзгор

Фарзанд китобхониро аз волидонаш ёд мегирад

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 117        Шарҳ: 0

 

Имрўз баъзеҳо изҳор медоранд, ки бо рушди технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон китоб гўё мавқеи аслиашро аз даст додааст, аммо ин хатои маҳз буда, исботи илмие надорад. Агар дар ин замина пажўҳише сурат бигирад, итминони комил дорам, ки тарафдорони ин фарзия, ки гўё дигар касе китоб намехонад, ноком мемонанд. Китоб ҳамеша ҳамдаму ҳамрозу ҳамнафаси инсон буд, ҳаст ва мемонад. Беғаразтарин дўсти инсон низ китоб аст, аз мутолиаи он рў набояд тофт ва ҳамаро ба китобдўстӣ бояд даъват намуд. Зеро халқи тоҷдори тоҷик аз даврони қадим китобдўсту соҳибтамаддун буд…

Дар Тоҷикистон ҳукумати кишвар иқдомҳои шоиставу мондагореро рўйи даст гирифтааст, ки бешак, диққати ҷавонону наврасонро ба китобхонию китобдўстӣ ҷалб мекунад. Озмуни овозадори «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикор ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон бо шукўҳу шаҳомату хосса гузаронида мешавад, яке аз озмунҳои дўстдоштаи ҳамагон гаштааст. Аз гузоришҳои телевизионӣ мебинем, ки чӣ тавр кўдакону наврасон бо шавқу ҳавас дар жанрҳои гуногуни адабиёт қувваозмоӣ мекунанд, лаёқату истеъдоди худро месанҷанд. Маълум аст, ки бачаҳо сахт омодагӣ дидаанд, китоб хондаанд. Ҳар касе китоби зиёд хондаву аз бар кардааст, албатта, ғолиби озмун мегардад.

Дар пирўзии фарзанд  ғайр аз омўзгор, пеш аз ҳама, волидон метавонанд, нақши муҳим бибозанд. Кўдакро мебояд аз хурдсолӣ ба китобхонию китобдўстӣ ҳидоят намоянд. Кўдак фақат бо фармон додани «китоб хон!»  китобхон намешавад, ў дар натиҷаи мушоҳидаҳояш нисбат ба атрофиён метавонад китобдўст шавад. Яъне, волидон пеш аз он ки ба фарзандашон насиҳат кунанду фармон бидиҳанд, ки китоб мутолиа кун, бояд худашон дар амал намунаи ибрат бошанд, китобхону китобдўстдор бошанд. Ҳадди ақал дар як моҳ як китоби хуберо мутолиа намоянд, зеро фарзанд китобхониро аз волидонаш ёд мегирад ва ба рафторҳои онҳо пайравӣ мекунад.

Саломат Холмуродова,

омўзгори математикаи литсейи «Раҳнамо»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш