Нашрияи Омӯзгор

Ҳавои сард ва таълимгоҳҳои гарм

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

 

Барои огаҳӣ ёфтан аз рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, суҳбате доштем бо мудири бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб Ҷ. Шукурзод.

Мавсуф иброз дошт, ки дар анборҳои муассисаҳои таълимии минтақа тибқи нақша ба миқдори 4366 тонна ангишт, 12753 м3 ҳезум, 17950 литр сўзишвории дизелӣ захира шуда, инчунин, аз 333 адад генератори барқӣ 313 адад, аз 110 адад буғхона 69 адад, 2737 адад печи барқӣ ва 5660 адад печи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Масъулини ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Ш.Шоҳин, мутаассифона, то имрўз аз уҳдаи иҷрои нақшаи захираи ангишт ва сўзишвории дизелӣ набаромадаанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кўлоб  барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии шаҳр 133 тонна ангишт, 404м3 ҳезум ва 588 литр сўзишвории дизелӣ бо маблағи 71 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ харидорӣ ва захира намудаанд. Бояд қайд намуд, ки 43 муассисаи таълимии дар деҳаҳо ҷойгир шуда бо 459 печи аловӣ ва 133 тонна ангишт таъмин гардиданд. Дар шаҳр 42 муассисаи таълимӣ ва 9 кўдакистон бо барқи озод ва 11 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд. Тамоми кўдакистонҳо бо ангишт пурра таъмин гардидаанд. Дар масъалаи омодагӣ ба фасли зимистон саҳми раисони АВО-и муассисаҳои таълимӣ назаррас мебошад.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия барои дар саҳти баланд гузаронидани мавсими зимистон муассисаҳои таълимӣ бо маъмурони конҳои ангишт шартнома бастанд. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Олимҷон Табаров иброз дошт, аз буҷаи ҳукумати ноҳия барои харидорӣ намудани 80 тонна ангишт, 2420 куб ҳезум ва 2600 литр сўзишвории дизелӣ 318 ҳазору 212 сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Айни ҳол 80 тонна ангишт 2420 куб ҳезум ва 2600 литр сўзишвории дизелӣ харидорӣ гардида, ба анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас шудааст. Дар ноҳия 11 муассисаи таълимӣ бо барқи озод пайваст буда, 4 муассисаи таълимӣ тариқи буғхонаҳо гарм карда мешаванд. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 301 гармидиҳандаи барқӣ, 420 адад печи аловӣ ва 12 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд. 60 тонна захираи ангишт ва 209 куб ҳезум аз солҳои гузашта дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ нигоҳ дошта шудааст. Муассисаи таълимии №8 (директораш О.Давлатов) дар деҳаи Боғи Ҳабиби Ҷамоати деҳоти Балхобӣ воқеъ гардидааст. О. Давлатов иброз дошт, ки барои зимистонгузаронии имсола бо маблағи 6000 сомонӣ аз ҳисоби АВО-и мактаб ва 4000 сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ 1 тонна ангишт, 15 м3 ҳезум ва 240 литр сўзишвории дизелӣ харидорӣ шудааст. Муассисаи номбурда 548 нафар хонанда дошта, хонандагон дар ду баст мехонанд ва мактаб бо барқӣ доимӣ таъмин мебошад. Айни ҳол синфхонаҳои муассиса бо 8 адад печи барқӣ ва 18 адад печи аловӣ гарм карда мешаванд. Рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаи таълимии №39-и деҳаи Туто хуб ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ 872 нафар хонанда таҳсил дошта, мактаб бо барқи доимӣ пайваст мебошад. Ҷонишини директори мактаб Т. Миралиев гуфт, ки ҳезумро аз боғи мактаб захира кардаанд. Дар ҳақиқат, дар анбори мактаб 15-20 куб ҳезум, 1 тонна ангишт ва 60 литр сўзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и деҳаи Боғи Ҳабиб (директораш А. Қурбонов) 275 нафар хонанда дар ду баст мехонанд, ки ба онҳо 26 нафар омўзгори соҳибмаълумоту варзида таълиму тарбия медиҳанд. Баҳри зимистонгузаронӣ, тибқи нақша 1 тонна ангишт, 44 куб ҳезум ва 40 литр сўзишвории дизелӣ дар анбори муассиса захира шудааст. Дар муассисаи мазкур 14 адад бухории аловӣ, 10 адад гармидиҳандаи барқӣ ва 3 адад генератори барқдиҳанда омодаи истифодаанд.

Дар ноҳияи Восеъ рафти зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия нисбат ба солҳои гузашта беҳтар ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи маорифи ноҳия бо роҳбарии мудири маориф М. Орипов ситоди махсуси зимистонгузаронӣ таъсис дода шудааст. Айни ҳол барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 202 ҳазору 60 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои харидорӣ намудани 578 тонна ангишт, 1073 куб ҳезум ва 4300 литр сўзишвории дизелӣ сарф гардидааст. Ҳамчунин, 250 метри квадратӣ тирезаҳои синфхонаҳо шишабандӣ гардида, 51 генератори барқӣ, 324 адад гармкунаки барқӣ, 987 печи аловӣ ва 6 деги буғӣ дар ҳолати корӣ қарор дорад. 8 муассисаи таълимӣ бо барқи озод пайваст мебошад. Ҳамроҳи сармутахассиси шуъбаи маориф Р. Солиҳов аз муассисаҳои таълимии № 16,22,23,31 ва 38 дидан намудем. Омўзгорону хонандагони муассисаи таълимии №16 (директораш З.Шукуров) ба фасли зимистони имсола омодагии ҷиддӣ дидаанд. Синфхонаҳо бо гармкунакҳои барқӣ гарм карда мешаванд. Тибқи нақша 3 тонна ангишт, 25 куб ҳезум ва 60 литр сўзишвории дизелӣ заҳира карда шудааст. Дар муассисаи таълимии № 31(директораш Б. Сафарова) синфхонаҳои таълимӣ бо системаи ягонаи гармидиҳии буғӣ гарм карда мешаванд. Тибқи нақша 6 тонна ангишт, 20 куб ҳезуми хушк ва 60 литр сўзшишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар муассисаи таълимии №42 (директораш Р.Қувватов) 6 тонна ангишт, 20 куб ҳезуми хушк ва 60 литр сўзишвории дизелӣ захира гардидааст. Муассисаҳои таълимии №23 (директораш И. Раҷабов) ва №38(директораш С. Каримов) аз маркази ноҳия дар масофаи 80 км дуртар воқеъ гардидааст, аз ин рў, роҳбарияти муассисаҳои мазкур ба фасли сармо омодагии ҷиддӣ гирифта, рўзҳои зимистонро бе ягон мушкилӣ гузаронида истодаанд. Дар ноҳияи Ш.Шоҳин тавре мудири шуъбаи маориф Н. Ғоибзода изҳор дошт, 65 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки мувофиқи нақшаи зимистонгузаронии имсола 232 тонна ангишт, 1993м3 ҳезум ва 2533 литр сўзишвории дизелӣ бояд захира карда шавад. То имрўз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 232 тонна ангишт, ҳезум 1993м3 ва 2533 литр сўзишвории дизелӣ таъмин гардидаанд. Дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ ва як кўдакистон ба барқи озод пайваст буда, 6 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш