Нашрияи Омӯзгор

Ризокорӣ хайрхоҳист

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Дар Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии волонтёрон, зери унвони “Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем” ҳамоиш доир гардид.

Эмомалӣ Набизода, раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ, иброз дошт, ки волонтёрӣ фаъолияти фоиданоки ҷамъиятии ихтиёрӣ буда аз тарафи шахсони воқеӣ дар шакли хизматрасонӣ ба манфиати ҷомеа ройгон анҷом дода мешавад.

Фаридун Ҳусейнзода, муовини раиси ФИҶТ дар вилояти Хатлон гуфт, ки фаъолияти волонтёрӣ дар замони муосир барои ҷавонон мактаби бардошти таҷрибаҳову имкониятҳо ба шумор меравад. Ҷавононе, ки имрўз фаъолияти волонтёрӣ доранд, метавонанд худро дар дилхоҳ самт санҷишу озмоиш намоянд. Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонони зиёд баҳри такмилу ташаккул имконоти мусоидро фароҳам овард. “

Сипас, волонтёрон Афзалшоҳ Сироҷиддинов дар мавзуи “Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем”, Фарида Баротова дар мавзуи “Волонтёр ва саҳми он дар рушди босуботи ҷомеа”, Сиҷоҳиддин Хоҷаев дар мавзўи “Аз таърихи рушди фаъолияти волонтёрӣ”, Мирзораҳим Фақерзода ва Раҷабалӣ Имомиён оид ба аҳамияти фаъолияти волонтёрӣ, саҳми волонтёрон дар рушди босуботи ҷомеаи муосир ва ҳуқуқу уҳдадориҳои волонтёрон маъруза намуданд.

Дар охир як қатор ҷавонон ва волонтёрон бо мақсади фаъолияти хуби волонтёрӣ бо сипосномаи раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

 

С. АЗИЗӢ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш