Нашрияи Омӯзгор

Ҳамосаи “Чеҳраҳои мондагор”

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

Омўзгор ва шоир Бобоҷони Нурзод ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон манзумае бо ин ном эҷод кардааст, ки хеле фарогиру дилпазир аст. Аз ин манзума пораеро (қисмати хотимавӣ) пешкаши хонандагони арҷманд мекунем.

“Чеҳраҳои мондагор”-и мо зиёд,

Бояд онҳоро нигаҳ дорӣ ба ёд.

Насли нав бояд бидонад сарнавишт,

Кӣ барои насли онҳо чӣ навишт.

Чеҳраҳо бар мо хабар овардаанд,

Дил ба тўфони ҳаводис додаанд.

Дар фарози таърихи дуру дароз,

Бар ватандорон бидодандӣ баёз.

Дар ҳама давру замони тангу тор,

Пешгомиро намуданд ихтиёр.

Эй басо дар ин Ватан хун рехта,

Хоки онро душманонаш бехта.

Хоки покаш гашта помоли аду,

Лек буда сабзаҳояш дар нуму.

Бо дасиса, макру найрангу дурўғ

То ба Истиқлол мондӣ аз фурўғ.

Эй басо кишвар бидид тороҷҳо,

Дода буд халқаш ба душман боҷҳо.

Кушта шуд чандин ватандори асил,

Солиён бе сарпарасту бекафил.

Модари миллат ба ашки шашқатор,

“Алла” мегуфт баҳри фардои диёр.

Буд насиби мо яке бечорагӣ,

Дар суроғи бахти хеш оворагӣ...

“Чеҳраҳо...” аз он ҳама пайки наҷот,

Роҳи нав бикшода буданд дар ҳаёт.

Оқибат Хуршеди тоҷик бардамид,

Омад Истиқлолият – рўзи Саид.

Тоҷикам шуд соҳиби марзи Ватан,

Тоҷикистон офарида анҷуман.

Он ҳама омоли халқи гурду ял,

Ёфтӣ маъво дар он илму амал.

Ваҳдату сулҳу салоҳи ҷовидон,

Ҳаббазо, ки қудраташ дода нишон.

Дар паноҳи субҳи Истиқлолият

Тоҷикистон буда дар фаъолият.

Тоҷикам созанда бо ақли расо,

Шуҳраташ рафт аз замин то бар само.

Ҳар кафи хоки Ватан гулдаста баст,

Соҳибистиқлолӣ бар тахташ нишаст.

Илму фарҳангаш шуда савғобиёр,

Офарин бар ҳикмати Шоҳи кибор.

Нораку Сангтўда, Роғунро бубин,

Кишварамро кардааст болонишин.

“Роҳи Абрешим” зи нав эҳё шуда,

Зиндагӣ дар хонаи дил ҷо шуда...

Сӣ сари сол аст ба иқболи баланд,

Тоҷикистон гашта мулки дилписанд.

“Чеҳраҳо...” хеле зиёданду зиёд,

Иқди Истиқлолият дар эътимод.

Ман ба назди он бузургон дар суҷуд,

То нафас дорам, ҳамегўям дуруд!!!

 

 

Ифтихор

Ватан  гардида ободон,

Бувад мисли баҳористон.

Зи нури Нораку Роғон

Диёри мо – чароғистон.

Зи Пешво ифтихори мост!

 

Халоиқпарвар аст давлат,

Шукуфта ҳастии миллат,

Забун гашта ҳама иллат,

Фузуда иззату шуҳрат.

Зи Пешво ифтихори мост!

Гулафшон Тоҷикистон аст,

Накукорӣ фаровон аст,

Ҳама хушаҳду паймон аст,

Ба шодӣ рўҳи Сомон аст.

Зи Пешво ифтихори мост!

 

Бувад марди ватанпарвар,

Хушомолу хирадгустар,

Бувад зебанда бар минбар,

Зиҳӣ,  номовари кишвар!

Зи Пешво ифтихори мост!

Шамсуддин ТАБАРАЛИЕВ,

омўзгори математика, ноҳияи Хуросон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш