Нашрияи Омӯзгор

Фарҳангу адабиёт - таблиғгари дўстии  халқҳо

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 108        Шарҳ: 0

 

Донишманд  Ҷозеф Ной дар ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули ташаккули шуури одамон нақши фарҳангу адабиётро муҳим арзёбӣ менамояд. Ў чунин андеша дорад, ки арзишҳои фарҳангию адабӣ саршор аз маъноҳои баланди гуманистӣ буда, мавқеи давлатҳоро дар ҷомеа устувор менамоянд.

Адабиёти бадеӣ  тавассути назму наср маърифату даркро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд меоварад.

Афкори созандаи адабиёт дар осори манзуму мансури адибон хеле барҷаста  баён гардидааст, ки инсониятро ба сўи фардои нек роҳнамоӣ  мекунад. Ин ҳама  дар натиҷаи омўзишу мутолиоти пайваста ва ковишҳои ҳамешагии онҳо буд, ки  осору  эҷодиёташон  то ба имрўз боқӣ монда,  барои башарият хидмат мекунад.

Тоҷикон аз зумраи он халқҳое мебошанд, ки бо таърихи гузаштаи худ ва эҷодкориву бунёдкорӣ  шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ҳамин тавр, онҳо  дар масири таърих ҳамчун миллати  тамаддуновар арзи ҳастӣ намуда,  ба башарият хидматҳои шоиста кардаанд.

Ҳамаи арҷгузориҳо ба фарҳанги тамаддуновари миллати тоҷик  дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоиву дастгирии  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё  шуда,  рўз то рўз  тавсеа меёбанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар сиёсати дохилию хориҷии  Тоҷикистон аз осори адабии адибон  босамар истифода карда, адабиёти беш аз ҳазорсола, фарҳанги ғании тоҷикон аз ҷумлаи боигариҳои беназир ба шумор мераванд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ истифода  шуда, ҳамбастагиву дўстиро миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳким мебахшанд. Ин  ҳама ҳамчун неруи нарм дар созмон додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ самаранок истифода гардида, давлат талош меварзад, миллатро аз ҳуҷумҳои ғаразноки фарҳанги бегона ҷилавгирӣ намояд.

30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Лоҳури Покистон, ки бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр аст,  маросими муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур  сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶИП Покистон Исматулло Насриддин суханронӣ намуда, ба ҳозирин иттилоъ дод, ки нашри китоб ба забони урду заминаи хубест дар таҳкими дўстӣ ва ҳамгироии забону адаб миёни Тоҷикистону Покистон.

Бояд зикр кард, ки чорабинӣ бо ташаббуси  Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод  ва Донишгоҳи Панҷоби Покистон  баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод  аз марказҳои тадқиқотии олии Покистон буда, ҳамарўза масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳонро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Донишгоҳи Панҷоб бошад, аз қадимтарин донишгоҳҳои Осиё аст, ки соли  1882 таъсис дода шуда, шуъбаи шарқшиносии он хеле қадима буда, забонҳои гуногуни шарқ, аз ҷумла, тоҷикӣ-форсӣ низ мавриди омўзишу тадрис қарор мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳи Панҷоб, аз ҷумла, профессори забону адаби форсу тоҷик Салим Мазҳар суханронӣ карда, иброз намуд, ки Тоҷикистону Покистон таъриху фарҳанги қадимаи муштарак дошта, ҳамкориҳо ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ў таъкид кард, ки роҳбарияти ҳар ду кишвари дўст ахиран чанд санади муҳимро ба имзо расониданд, ки заминаҳои ҳамкориҳоро вусъат мебахшад.

Роҳбари Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод  Холид Темур Акрам низ таъкид кард, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар тараққӣ ва рушд ёфта, озодӣ, оромӣ ва ободӣ барои мардум фароҳам гардид. Ҳамин заҳматҳои Президент  буд, ки имрўз Тоҷикистон ҳамкориашро бо тамоми кишварҳои олам, алалхусус, Покистон хуб роҳандозӣ кардааст.

Шаҳри фарҳангии Исломобод бо шаҳри Душанбе аз соли 1973 бародаршаҳр буда, чоп ва муаррифии  китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони урду заминаи хубест дар  роҳи рушди ҳамгироии  байни давлатҳо.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти Осиё ва

Аврупои АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш