Нашрияи Омӯзгор

Худогоҳӣ даричаест ба худшиносии миллӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 135        Шарҳ: 0

 

Башар, худатро бишнос!

Суқрот

Худшиносии миллӣ масъалаест, ки бо авҷ гирифтани равандҳои глобализатсионӣ муҳимияташ бештар мегардад. Имрўз аз ҳарвақта дида, мо ба шинохти худии худ амиқтар ва зиёдтар ниёз дорем. Аз як тараф Ғарб, ки мехоҳад ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, сабки зиндагӣ, равиши омўзишу парвариш дар кўдакистону мактабҳо ва макотиби олӣ, ахлоқ ва ҳатто илми худро тавассути «либераликунонӣ» - и тамоми муносибатҳо болои ҳамаи миллату халқиятҳои олам таҳмил намояд ва аз ҷониби дигар, мавҷудияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ки мекўшанд идеологияи ифротӣ ва таҳаммулнопазири худро маҷбуран вориди ҷомеаҳои орому боамн созанд, дар ин шароит шинохти арзишҳои миллӣ ва ҳифзу нигоҳдории асолати миллӣ муқаддастарин вазифаи ҳар шаҳрванди худогоҳу ватандўст маҳсуб мегардад. Ба вуҷуд омадани шабакаи ҷаҳонии «Internet», воситаҳои коммуникатсионию иттилоотӣ ва торафт маъмул гаштани шабакаҳои сершумори иҷтимоӣ ҷаҳонро ба деҳкадаи кучаке табдил додаанд, ки ҳар замон арзишҳои ахлоқии Ғарбӣ метавонанд ба осонӣ дохили ҷомеаҳои миллӣ гашта, дар муқобили ҳувият, ахлоқ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳатто тафаккури миллӣ қарор гиранд. Албатта, ҳеҷ кас наметавонад ҷанбаҳои муфиду мусбати «Internet» - ро надида гирад, вале ҳамзамон бояд иқрор шуд, ки суди бештарро тараф ё гурўҳе мебарад, ки офаранда ва назораткунандаи ин падидаю равандҳо мебошад. Дар ин гуна шароит химоят аз арзишҳои ҳувиятсози миллӣ, ҳифзи анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи пешбар ва муҳофизати фарҳанги оиладории Шарқӣ – анъанавӣ кори ниҳоят мушкил, вале дар айни ҳол пуршараф арзёбӣ мегардад. Як нуктаи муҳимро бояд таъкид кард, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ин «худшиносӣ» аст. Худшиносӣ масъалаест, ки асос ва маркази ҳамаи таълимотҳо, динҳо ва назарияҳои илмиро то имрўз ташкил додааст. Аслан, фалсафа сар то ба по моломоли худшиносист. Ибораи машҳури падари фалсафа – Суқрот: «худатро бишнос» аст, ки то имрўз тамоми мутафаккирону файласуфон ба он шарҳу тафсир менависанду ибрози андеша менамоянд. «Худатро бишнос» як ибораи содда дар навишт аст, вале як олам маъноро фаро мегирад. Аз куҷо омадан, баҳри чӣ омадан, чӣ рисолат доштан ва ба куҷо рафтан суолотеанд, ки ҳар фарди соҳибақлро ба умқи худии худ фурў мебаранд. Аз мутафаккирону форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар ба масъалаи худшиносӣ диққат додааст. Мавлоно худшиносиро барои инсон як рисолат ва масъулияти бузург медонад ва шинохтани худро беҳтар аз донистани усули дин мешуморад. Зеро ба ақидаи Мавлоно шинохти худ роҳест барои шинохти дигарон ва дарки дурусти ҷаҳон:

Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,

Ки бидонӣ ман киям дар явми

дин.

Метавон гуфт, ҳар ки худро нашинохтааст, аслан, инсонияти худро дарк накардааст ва касе ба инсонияти худ сарфаҳм нарафтааст, танҳо ба зоҳир одам аст.

Огоҳӣ доштан аз таърихи ниёгони худ, баҳравар шудан аз осори бузургони миллати хеш, ифтихор доштан аз Ватани орому осуда ва кўшишу заҳмат ба харҷ додан баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли кишвар маҷмўаи худшиносии миллии ҳар фарди худогоҳро ташкил менамояд. Худшиносии миллӣ падидаи шахшудаи дар ҳар замону макон бавуҷудоянда набуда, эҷоди он дар замири як фард ва ё миллате раванде дуру дарозу тўлонист. Баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба вуҷуд овардани ҳувияту худшиносии миллӣ дар тўли таърих бузургони ин миллат корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои беназире анҷом додаанд. Дар саромади ин абармардон падари шеъри форсӣ Абуабдуллоҳи Рўдакӣ қарор дорад. Устод Рўдакӣ дар авҷи қудрати халифаҳои араб, ки забони ҳоким дар дарбор ва дар илму ҳунар лисони арабӣ буд ҷуръат намуда, ба забони шевои тоҷикӣ назм сурудаст, ки дар он давру замон ин амал, бешак, қаҳрамонӣ маҳсуб меёфт! Дар айёме, ки адабиёти араб шуҳрати ҷаҳонӣ дошт ва аксари шуарои дарбор ба ин забон эҷод мекарданд устод Рўдакӣ бо забони ноби тоҷикӣ васфи табиати биҳиштосои Ватани азизи худ намуд:

Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

 Бо ин амали боҷуръатонаи худ устод Рўдакӣ исбот намуд, ки тоҷикон дар илму адабиёт аз арабҳо кам нестанд ва гоҳо бартару болотар низ мебошанд. Мутаассифона, баъди суқути Давлати Сомониён ва ба дасти сулолаҳои турк расидани ҳокимият тоҷикон то андозае аз идоракунӣ дур шуданд ва ҳувияту худшиносии мо ниҳоят коста гардид. Кор ба дараҷае расид, ки ҳангоми тақсимоти миллӣ – худудӣ – маъмурӣ дар солҳои бистуми асри гузашта роҳбарони аз падару модари тоҷик таваллудгашта аз тоҷикияти худ даст кашиданд ва хилофи манфиатҳои миллии тоҷикон амал карданд. Хушбахтона, дар солҳои 20 – уми асри XX як қатор фарзонафарзандони ин миллат ҷоннисориҳо карданд, то аз марзу буми худ ҳимоят намоянд. Дар саромади ин гурўҳи кучаки фидоиёни миллат устод Айнӣ қарор дошт. Устод худ танҳо ба муқобили артиши бешумори «пантуркизм» ҷангид ва ғолиб омад. Ҳанўз дар замони ҳукмронии манғитиён Устод Айнӣ масъалаи ислоҳоти мактабу маорифро матраҳ намуда буд, ки ин нишонаи худогоҳӣ ва фидокории шахсияти бузурги таърихист. Чӣ балоҳое ба сари ў наомаданд, барои ислоҳи мактаб ва маориф.

Устод Айнӣ аз худ мактаби бузурги худшиносии миллиро ба мерос гузошт, ки аз он бархурдор нагардидан воқеан ҳам носипосист.

Дар охирҳои асри гузашта хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 1 млн нафар овора, 200 ҳазор кушта шуданд ва 10 млрд доллар хисороти моддӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ворид гардид. Хушбахтона, Худованд ба мардуми азияткашидаи тоҷик лутф намуда, ҷавонмарди 40-солаеро вориди арсаи сиёсат гардонид, ки ба ҷанги бемаънои бародаркуш хотима дод, зиёда аз 1 млн нафар гурезаро ба Ватан баргардонид, миллатро сарҷамъ намуд ва ба дили кулли сокинони кишвар умеди зиндагӣ бахшид, иқтисоди кишварро эҳё кард ва хисороти ҷанги хонумонсўзро ҷуброн намуд. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки корномаи ў боиси ибрати насли наврас ва намоди беҳтарини худшиносии миллӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад.

Бояд таъкид намуд, ки хоинони миллати тоҷик ҳанўз ҳам дар фикри ноором кардани Ватани азизамон шабонарўз «заҳмат» кашида истодаанд, то барномаи дар солҳои 90 – ум нотамоми худро амалӣ намоянд.

Муҳимтарин рукни худшиносии миллӣ забони модарист!

Дар тамоми гирудорҳои гузаштаи таърихӣ, мусибату нобасомониҳо ва шикасту рехт ҳамин забони модарӣ буд, ки моро аз гирдоби нобудӣ наҷот дод. Иқтидору заъфияти ин забон ба ҳаддест, ки дар баробари тохтутозҳои араб, юришҳои туркӣ – муғулӣ ва русикунонии Шўравӣ тоб оварда, нобуд нагардид. Дар раванди ҳуҷуми арабҳо ва исломигардонии мамолики мухталиф кулли кишварҳои шимоли Африқо забони модарии худро аз даст дода «араб» гардиданд, аммо забони форсӣ – тоҷикӣ на танҳо аз байн нарафт, балки истодагарӣ намуд ва ба забони ҳокими дарбор табдил ёфт.

 

 Шерафган САНГОВ,

коршиноси масоили сиёсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш