Нашрияи Омӯзгор

Саҳифаи нав дар таърихи миллати тоҷик

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 89        Шарҳ: 0

 

Барои мо, насли калонсол, тамоми давраҳои пасисарнамудаи 30 соли соҳибистиқлолиамон, он рўзҳои сахту сангин бештар маълум аст. Мо, тоҷикон, барои ноил шудан ба истиқлоли комил, ба ин рўзҳои саид расидан чӣ қадар рўзҳои душворро аз сар гузаронидем. Бахусус, солҳои 1991-1992 басо сангину душвор - мардум сарсону саргардон, ноумеду маъюс буданд.

Садои тиру туфанг, гиряву нолаи модарон, қашшоқию бенавоӣ, гуруснагӣ ба авҷи аъло расида, ҳатто дар як қатор ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, ба мисли Фархору Восеъу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мардум аз гуруснагӣ ба беморӣ гирифтор шуда, шумораи фавтидагон меафзуд.

Хушбахтона, як гурўҳ фарзандони сарсупурдаи кишвар, аз ҷумлаи аъзои Ҳукумати муросои миллӣ, вакилони халқ, олимону сиёсатмадорон бо дарки вазъи баамаломада баъди машварату гуфтугўҳои тўлонӣ ба хулоса омаданд, ки Иҷлосияи Шўрои Олӣ фавран дар минтақаи нисбатан ороми кишвар –шаҳри Хуҷанд доир карда шавад. Вакилон ба хулоса омаданд, ки роҳбарии кишвар то ба эътидол омадани вазъият ба зиммаи Шўрои Олӣ вогузошта шавад. Албатта, дар чунин вазъият на ҳар нафар ҷасорату қудрати роҳбарии кишвари ҷангзадаро дошт. Вакилони халқ, сиёсатмадорону собиқадорон, иштирокчиёни Иҷлосия баромад намуда, ҳар яке пешниҳоду андешаҳои худро иброз медоштанд. Вақте ба минбари ҷаласа вакили дар синну сол ҳанўз ҷавон Эмомалӣ Раҳмон баромаданд, аввалин суханашон бешак, мардумро тасхир намуд. Қавлу амали ин шахсияти варзида яке будааст. Мамлакат дар муддати муайян аз чанги ҷанг раҳо ёфту мардум ба ҳаёти осоишта шуруъ карданд.

Басо душвору вазнин буданд он солҳо, вале гузашти вақт нишон дод, ки он ҳама гуфтаву нақшаҳои неки сарвари воқеан, дилсўзу ғамхори мардум амалӣ гардиданд, ки мо, сокинон, шоҳиди ин ҳақиқати таърихӣ гаштем. Дар мавриди дигаргуниву пешрафтҳои солҳои охир чизе намегўем, зеро ҳамагон худ шоҳиданд. Танҳо ҳамин нуктаро илова мебояд, ки агар имрўзро бо он солҳо қиёс намоем, насли имрўз шояд бовар накунад, ки дар як муддати кўтоҳ кишвари ҷангзада ба чунин диёри обод табдил ёфт. Ва насли имрўз бояд шукргузор бошанд, ки чунин рўзҳоро надиданд ва ҳамеша дуо мекунем, ки ҳеҷ гоҳ ҳамватанон дигар ин рўзҳоро набинанд. Мо, насли калонсон, он чеҳраҳои маъюсу ғамзада ва шароити имрўзаро муқоиса намуда, беихтиёр ашк мерезем. Мутаассифона, бархе аз ҳамватанон аз ин сулҳу оромӣ, тинҷиву якдигарфаҳмӣ шукргузорӣ намекунанд, аллакай он рўзҳои вазнинро фаромўш кардаанд. Истиқлолиятамон неъмати бебаҳо асту ба қадри он бояд бирасем, зеро солҳо боз садҳо қавму халқиятҳо талоши зиёд доранд, вале истиқлолияти миллӣ, чуғрофӣ, сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ надоранд.

 

 Бобо САНГОВ,

устоди коллеҷи тарбияи

ҷисмонии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш