Ноил шудани омӯзгор ба комёбиҳои касбӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас аз бисёр ҷиҳат ба сифатҳои шахсӣ ва махсусан, ба қобилияти педагогии ӯ вобаста мебошад. Қобилияти педагогӣ танҳо ба муаллим хос буда, ӯ аз ашхоси касбу кори дигар бо ҳамин фарқ мекунад. Чунки сифатҳои муҳими касби муаллимӣ дар зоҳиршавии диққат, идрок, хотир, тафаккур, ҳиссиёту ирода ва хулқу одоби ӯ ифода меёбад.
Равоншиносон дар асоси омӯзиши фаъолияти омӯзгорон ба хулосае омаданд, ки қобилияти педагогӣ асосан чунин сифатҳои шахсии омӯзгоронро дар бар мегирад:
Қобилияти дидактикӣ маҳорати ба дигарон фаҳмонидани фикри худ мебошад. Қобилияти дидактикӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки ӯ тавассути усулҳо ва тарзҳои гуногун маводи таълимиро ба хонандагон дастрас гардонад. Дар рафти дарс омӯзгор бояд кӯшиш намояд, ки бо мисолҳои мушаххас маводи душвори таълимиро содатар ва душворфаҳмро ба фаҳми хонандагон наздик кунонида тавонад.
Қобилияти таълимӣ. Дар зери мафҳуми қобилияти таълимӣ дар соҳаи ягон фанни аниқ ва ё илм дониши амиқ ва ҳаматарафа доштан фаҳмида мешавад. Масалан, муаллими адабиёт бояд дорои қобилияти дарки меъёрҳои адабӣ-бадеӣ бошад. Омӯзгори технологияи меҳнату физика бошад, бояд қобилияти ихтироъкорӣ дошта бошад.
Қобилияти персептивӣ. (истилоҳи персептивӣ - лотинӣ буда, маънояш дарк кардан мебошад). Онро мушоҳидаи педагогӣ низ меноманд. Тавассути он муаллим аз зоҳири хонандагон вазъи ботинӣ ва хусусиятҳои психологии онҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ, қобилияти персептивиро бе ҷоришавии диққату диққатнокӣ тасаввур кардан мумкин нест.
Қобилияти нутқӣ барои касби муаллимӣ яке аз қобилиятҳои муҳим ва зарурӣ ба шумор рафта, муаллим бояд фикру ақидаҳои худро равшан, фаҳмо, бурро ифода карда, аз имою ишора васеъ истифода бурда тавонад.
Қобилияти ташкилотчигӣ барои фаъолияти омӯзгор хеле муҳим буда, омӯзгор ташкилотчии асосии ҷараёни таълиму тарбия дар муассиса ба шумор меравад. Қобилияти ташкилотчигии омӯзгор ду хел мешавад:
а) ба омӯзгор имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ коллективи хонандагонро ташкил карда, шароитҳои заруриро барои таҳсил ба вуҷуд оварад;
б) ба омӯзгор имконият медиҳад, ки кор ва фаъолияти шахсияшро дуруст ба нақша дароварда, фаъолияташро назорат кунад.
Мудохилаи педагогӣ ё одоби педагогӣ аз омӯзгор талаб мекунад, ки барои ба шууру ҳисси хонандагон таъсири мақсадноки педагогӣ расонидан бояд хусусиятҳои синнусолӣ ва фарқи психологии онҳоро ба ҳисоб гирад ва тибқи онҳо кори таълиму тарбияро ба роҳ монад. Одоби педагогии омӯзгор ин маҳорати дар муносибати омӯзгору хонанда ба эътибор гирифтани ақида, фикру дархостҳо ва бо ҳурмату эҳтиром муносибат кардан мебошад. Дар ҳамон вақт муносибати омӯзгору хонанда дуруст барқарор мешавад, ки дар байни онҳо ҳисси боварӣ, назорати доимӣ бошад, омӯзгор нисбат ба хонанда хайрхоҳ буда, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намояд.
Қобилияти суггестивӣ (истилоҳи суггестивӣ - лотинӣ буда, маънояш воситаи таъсиррасонӣ мебошад). Қобилияти таъсиррасонӣ гуфта, ба хонандагон расонидани таъсири эҳсосӣ-иродавӣ ва қобилияти талаб карда тавонистану ба иҷрои он муваффақ шудан мебошад. Хислатҳои аз ҳад бисёр нармдилӣ, беасос бовар кардан, сустиродагӣ, ноустувории омӯзгор ба фаъолияти педагогии ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Қобилияти тақсимоти диққат. Омӯзгори таҷрибанок ва маҳорати баланди педагогидошта ба қобилияти тақсимоти диққат соҳиб буда, дар як вақт ӯ бояд фаъолияти психикиашро ба ду ва ё зиёда ашё ё мақсад равона карда тавонад. Дар ин хусус андешаҳои гуногун вуҷуд доранд.
Қобилияти педагогӣ модарзодӣ набуда, балки вай дар рафти ҳаёт ва фаъолияти омӯзгорӣ ташаккул меёбад.
Аз ин рӯ, қобилиятҳои гуногуни педагогии омӯзгорро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
1. Майл доштан ба бачаҳо. Яке аз қобилияти асосии омӯзгор ин майлу хоҳиш ва муҳаббат ба бачаҳо мебошад.
2. Худдорӣ ва худидора. Дар он ифода меёбад, ки омӯзгор дар мавқеъ ва ҳолатҳои гуногун худашро нигоҳ дошта тавонад ва рафторашро ба тартиб дарорад.
3. Риояи мусоиди вазъи психикӣ. Агар омӯзгор бо кайфияти паст ба дарс дарояд, аз ҳад зиёд андуҳгин бошад, он гоҳ ин ба фаъолияти психикии бачаҳо таъсир расонда, ҳатто боиси пастшавии фаъолияти онҳо мегардад.
Дар қонеъ гардонидани ин талабот аксари омӯзгорон ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дар шароити имрӯза танҳо назорат кардан, талаб кардан, фармон додан дар ҳоле, ки барои ёрӣ расондан вақт, хоҳиш ё имкон надорем, роҳи ҳалли душвориҳои соҳа буда наметавонад.
Хулоса, моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгор корро дар иттиҳодияҳои методӣ, кабинети методӣ ва курсҳои такмили ихтисос пурқувваттар намоем, чунки самтҳои зикршуда, сабаб мешаванд, ки маҳорати педагогии омӯзгор такмил ёбад.
Бедил РОЗИҚОВ,
омӯзгори калони кафедраи
психология, педагогика ва
методикаи таълими
ДҶТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр