Нашрияи Омӯзгор

Нақши ҷавонон дар рушди давлатдорӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби авзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни баргузории ҳамоиши «Нақши ҷавонони ДМТ дар рушди давлатдорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ» баён дошт.

Дар ҳамоиш устодони дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, донишҷўёни гирандаи Стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои олимони ҷавон, раисони созмони ҷавонони факултетҳо, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурўғи маърифат», муовинони деканҳо оид ба илм ва масъулини бахшҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш