Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳои назаррас

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Алишер Исоев ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 60 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумор 8 муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 44-тояшро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳад. Дар ноҳия, ҳамчунин, як интернат ва як кўдакистон амал мекунад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва озмуни «Илм - фурўғи маърифат» дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, дар он хонандагон фаъолона иштирок варзиданд. Дар озмуни «Илм - фурўғи маърифат» хонандаи синфи 9 - и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳия Аҳлиддин Табаров, иштирок варзида, сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», 1333 хонандаи мактабҳои ноҳия ширкат намуданд, ки 24 нафари онҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии даври вилоятӣ сазовори 25 ҷойи ифтихорӣ гардиданд ва соҳиби 8 медали тилло, 9 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ соҳиб гардида, дар маҷмўъ 12 хонанда ба даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Инчунин, хонандагони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишӣ, фаъолона ширкат варзида, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди варзиши «унифайти ғайрикасбӣ» ва варзиши сабук соҳиби 9 медал, аз ҷумла, 2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд. Дар сатҳи вилоят бошад, сазовори 14 медал гардиданд, ки аз ин 4 тилло, 2 нуқра ва 8 медали биринҷӣ мебошад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоев таъкид кард, ки бо мақсади рушд бахшидани савияи дониши хонандагон дар назар аст, ки бинои нави литсейи замонавӣ то охири сол мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

рўзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш