Нашрияи Омӯзгор

Пешрафти маориф – заминаи комёбиҳо

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самту ҳадафҳои гуногуни хайрандешона дорад ва ин сиёсатро ҷавҳари асосӣ мусоидат ба ободии Ватан ва таъмини некуаҳволии аҳли кишвар мебошад.

Ба гувоҳии таърих, тавонотарин ва муваффақтарин сиёсатмадорон ва сарварони мамлакатҳо чунин ҳадафи барҷаставу башарпарварона доштаанд. Бо қаноатмандии комил метавон гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо пайваста ва муваффақона дар амал татбиқ мешавад. Мардуми тоҷик барҳақ мегўянд, ки дилу ният пок бошад, ҳар кас ба манзил мерасад. Оид ба комёбиҳои сиёсати пирўзмандонаи Президенти Тоҷикистон метавон далелҳои фаровон пеш овард. Дар тамоми гўшаву канорҳои мамлакат метавон бо ишора ба созандагиву бунёдкориҳои нав ба нав аз бартарию паёмад ва комёбиҳои ин сиёсат сухан гуфт. Муваффақиятҳои сокинони ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии ғамхоронаю хирадбори Пешвои миллат равшантар аз ҳама дар Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари кишвар инъикос меёбанд. Ҳар як Паёми Президенти мамлакатамон ҳодисаи муҳимест дар ҳаёти Ватани маҳбубамон, ҳар як Паём марҳилаи наверо барои аҳли диёр оғоз менамояд, ҳар як Паём башорати тозаест аз ояндаи бештар шукуфои миллатамон ва ҳар як Паём оинаи мусаффоест, ки вазъи воқеии мамлакат, пешрафтҳои манфиатбори ҷумҳуриро равшан инъикос менамояд, ҳар як Паём бо ташаббусу пешниҳоду ҳидоятҳои тозаву хушбинонаи Сардори давлат алоқаманд аст. Масалан, пешниҳоди ташаббусҳои бузургу судманди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», таҷлили солгардҳои абармардони миллат, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, тантанаи солгарди мавзеъҳои таърихии диёр, эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф ва монанди инҳо маҳз бо Паёмҳои Пешвои миллат алоқамандӣ доранд. Сарвари кишвар зимни ироаи Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ҳамеша ба масоили ободонии диёр, бунёди иншооти нави манфиатовар ба мардум, сохтмони неругоҳҳову роҳҳову биноҳо, дастгирии камбизоатон, даъвати соҳибкорон ба иштироки фаъолона дар таъмини пешрафти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар Паёмҳо масоили иҷтимоӣ, махсусан, маориф дар меҳвар қарор доранд. Сиёсати фарогири Сарвари кишварамон, аз ҷумла, маорифпарварона тавсиф мешавад, ки ин комилан дуруст аст. Дар заминаи ғамхорию ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ хеле рушд ёфт ва ба марҳилаи комилан нави сифатӣ ворид гашт. Президенти муҳтарамамон пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи мамлакат ба он вобаста аст, ки имрўз таълиму тарбияи насли наврас дар кадом поя қарор дорад. Шогирдони мактабҳо бояд ҳар чи бештар китоб мутолиа кунанд, забони модарӣ ва забонҳои хориҷиро хуб азхуд намоянд, аз технологияҳои навин дар сатҳи баланд бохабар бошанд, дар ҷавоби иғвогарию дасисабозиҳои бадхоҳони Ватан ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, аз касбу ҳунарҳои замонавӣ баҳравар гарданд.

Бовари комил дорем, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат боз ҳам навгониҳои зиёде дар ҳаёту фаъолияти аҳли маориф ворид хоҳад кард.

 

Гулсара ХУДОИЕВА,

омўзгори мактаби №36-и

ноҳияи Рўдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш