Забони модарӣ ва ҳифзи асолати он барои ҳар шахс вазифаи муқаддасу ифтихорӣ ба шумор меравад. Дар урфият мегўянд, ки об аз сар бояд соф бошад. Ба шогирдон бояд аз нахустрўзҳои пой ба остонаи мактаб ниҳоданашон муҳаббат ба забони модариро талқин кард.
Танҳо муҳаббати самимӣ ба забони модарӣ мусоидатгар бар он мешавад, ки минбаъд хонандагон забонро амиқ омўзанд, онро пос доранд, баҳри тозагиаш кўшиш ба харҷ диҳанд ва аз олоишу таъсири забонҳои бегона ҳифз намоянд. Шогирдонро водор бояд кард, ки дар бораи забони тоҷикӣ шеърҳоро азёд кунанд, порчаҳои равону пуробуранги насриро ба забони тоҷикӣ ба хотир гиранд. Панду андарзу ҳикматҳо ва гуфтори пурмеҳри бузургони миллат метавонанд дар тақвияти муҳаббати шогирдон ба забони модарӣ таъсиргузор бошанд. Хушбахтона, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибгари фаъоли забони тоҷикӣ мебошанд. Суханронии Сарвари кишварамон аз минбари баланди СММ бо забони тоҷикӣ обрўю нуфузи ин забони тавоноро боз ҳам боло бурд. Зимни кулли вохўриву суҳбатҳову суханрониҳояшон дар миёни мардум Пешвои миллат аз ҳамагон даъват менамоянд, ки арҷгузори забони модарӣ бошанд, бо забони модарӣ равону бесакта сухан гўянд, онро бо калимаҳои бегонаю лаҳҷавию кўчагӣ олуда насозанд. Ситоиш ва бузургдошти забони тоҷикӣ, махсусан, дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мавқеи барҷаста дорад. Дар тамоми Паёмҳо сухан аз вазъи забони модарӣ ва таваҷҷуҳ ба такомулу омўзиши бавусъати он ба миён меояд. Чунончи, дар Паёми навбатии Сарвари кишвар, ки 26 январи соли 2021 ироа шуд, чунин суханони саршор аз меҳру муҳаббатро мехонем:
«Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқадаас ва гаронбаҳотарини мо мебошад». Дар ин Паём Пешвои миллат, ҳамчунин, вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ ҳамагонро ба ҳифзу тавсеаи забони тоҷикӣ даъват намуда, чунин иброз доштанд: «Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандўст, аз ҷумла, падару модарон, омўзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».
Забони модарӣ шиносномаи миллат эътироф шудааст. Боиси сарфарозии мост, ки забони тоҷикӣ аз забонҳои бостонии ҷаҳон буда, хеле ғанию пуртавон аст ва бо ин забони муқтадир адабиёти бузургу маънибору оламгир офарида шудааст. Аз дирўзу имрўзи ин забони ширабор ва шуҳратёр метавон, аз ҷумла, аз асари пурмуҳтавою пурдалеи Пешвои миллат бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» (дар ду ҷилд) маълумоти дақиқу саҳеҳи фаровон ба даст овард.
Таълими муассиру босамару забони тоҷикӣ ва мунтазам афзудану қавӣ гардондани муҳаббату алоқамандии самимии хонандагон ба ин забони бостонгуҳар аз вазифаҳои муҳимтарини омўзгорон дар мактабҳост. Махсусан, омўзгорони синфҳои ибтидоӣ аз ин хусус бори рисолати бештаре ба дўш доранд. Дар омўзиши фарогиру пурбору натиҷаовари забони тоҷикӣ истифода аз мазмуну муҳтаво ва нишондодҳои Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олӣ ба омўзгорон илҳомбахшу мададгори асосию ҳамешагӣ хоҳад буд. Ҳар як Паёми Пешвои миллат дар баробари хусусиёти дигараш ифодагари бузургию безаволӣ ва устувории қавии забони модарии мост.
Латофат Амонова,
омўзгори гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр