Нашрияи Омӯзгор

Ҳамдамӣ мекун ҳамеша бо китоб

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 165        Шарҳ: 0

 

Аз китоб ҳар уқдае во мешавад,

Роҳи  сўи  бахт пайдо мешавад.

***

Ҳар халқ, ки  беш бо китоб аст,

Сар пеши  аду намекунад паст.

***

Калиди кохи  дониш дар китоб аст,

Ҳар он к-ў бе китоб аст, дар азоб аст.

***

Гар бихоҳӣ бошӣ  доим  комёб,

Ҳамдамӣ  мекун ҳамеша бо китоб.

***

Ҳар гаҳ ки  дур аз китоб монӣ,

Гар шоҳи  ҷаҳонӣ, нотавонӣ!

***

Ҳама ганҷи  саодат дар китоб аст,

Сафои  ҳар ибодат  дар китоб аст.

***

Бошадо ҳар сафҳае андар китоб

Бар ҳазорон пурсиши  одам ҷавоб.

***

 Ҳар китобе ифтихори миллат  аст,

Бо китоб ҳар миллате беиллат аст.

***

Беҳтарин устоди мо бошад китоб,

Роҳи  моро нур мепошад китоб.

***

Бо китоб, эй дўст,  чун афсонамард

Метавонӣ сайди  сад сайёра кард!

***

Арши миллатро китоб аст  офтоб,

Шод бодо миллати  соҳибкитоб.

***

Китоб афтода аз чархи  барин аст,

Беҳин ганҷина баҳри одамин аст.

***

Аз китоб олам  гулистон мешавад,

Рўз – хуррам, шаб чароғон мешавад.

***

Калиди  ганҷҳо андар китоб аст,

Ҳама дунёи мо андар китоб аст.

Абдурауф Муродӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш