Нашрияи Омӯзгор

Паҳнои ҳамкорӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия 1-умин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забон ва фарҳанги русӣ дар хориҷа: таҷрибаҳои беҳтарини таълим» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Тоҳир Хоҷазода, декани факултети филология ва медиакоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М. Достоевский Оксана Иссерс, устодону омўзгорон аз донишгоҳу донишкадаҳо, литсею гимназияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Вазорати маорифи Федератсияи Россия дар доираи «Барномаи миллии таъмини маводи илмӣ-методӣ, методӣ ва кадрии таълими забони русӣ ва забонҳои халқҳои Федератсияи Россия” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар ва Академияти таҳсилоти Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тоҳир Хоҷазода зимни ифтитоҳи конференсия зикр кард, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Россия бо беш аз 167 донишгоҳу донишкадаи хориҷ аз кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст, аммо ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М. Достоевский дар сатҳи баланд қарор дорад. Гузаронидани 1-умин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ гувоҳи ҳамкориҳои густурдаи мо мебошад.

Гулчеҳра Ғанизода қайд кард, ки омўзиши забони русӣ бисёр муҳим аст, зеро он ҳамчун забони муоширати байни миллатҳои гуногун амал мекунад. Забони русӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҷойгоҳи муносиб ва барҷаста дошта, мавқеи он сол ба сол устувортар мегардад. Боиси хурсандист, ки дар сарзамини мо барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ фазои мусоиде фароҳам аст. Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омўзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Нахустин фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ баргузор гардид.

Ирина Каримова иброз дошт, ки дар доираи созишномаҳое, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ба имзо расидаанд, тайи чанд солест дар  мактабҳои кишвар омўзгорони забони русӣ аз шаҳру навоҳии Россия омада, фаъолияти пурсамар доранд. Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Россия дар панҷ минтақаи диёрамон сохтмони 5 мактаб оғоз гардидаанд, ки таълим дар онҳо пурра ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад.

Оксана Иссерс ба тамоми дастандаркорон миннатдории худро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҳамоиши байналмилалӣ баён дошта, қайд кард, ки забондонӣ муҳимтарин омили ҳамдилии халқу миллатҳо ба шумор меравад.

- Изҳори умед мекунам, ки чунин нишастҳои пурсамар бештар баргузор шаванд ва мо – кормандони соҳаи маориф аз навгониҳо ва дастовардҳои ҳампешаҳои худ аз кишварҳои гуногун огоҳ шавему омўзем, - гуфт ў.

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии конференсия муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода дар мавзуи «О положении русского языка и его преподавании в Республике Таджикистан», ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова – «Русский язык в суверенном Таджикистане», мудири кафедраи журналистика ва медиалингвистикаи Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М. Достоевский Елена Малишева-«Продвижение русского языка ва рубежом: лучшие практики организации деятельности центров открытого образования на русском языке и обучения русскому языку», омўзгори математикаи Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Ирина Градская – «Развитие проекта «Российский учитель за рубежом» в Таджикистане» ва дигарон барои ҳозирин маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Ҳамчунин, директори Маркази русии «Русский мир»-и Донишгоҳи Гранадаи Испания Энрико Керо, коршиноси Маркази илму фарҳанги Россия дар Финляндия Олга Болдина, котиби якуми сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Муғулистон Валерия Килпякова, омўзгори Маркази илму фарҳанги Россия дар Словения Елена Маркова, муассиси маҷмааи омўзишии «VEDA» дар Лаҳистон Алена Пинская, профессори Донишгоҳи Хелсинкии Финляндия Екатерина Протасова аз тариқи бархат (онлайн) маърузаҳо карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки кори конференсия пурра ба забони русӣ сурат гирифта, пас аз  анҷом ба ҳар як иштирокдори ҳамоиш сертификат тақдим карда шуд. 

Дар фарҷоми конференсия барои меҳмонон барномаи рўҳбахши фарҳангию адабӣ пешкаш гардид.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш