Нашрияи Омӯзгор

Такомули нутқ

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ нутқро дар раванди муошират бо одамон аз худ менамоянд. Барои такомул ва инкишофи нутқи кўдакон дар кўдакистон мураббия, дар мактаб омўзгор, дар хона волидон нақши асосӣ мебозанд. Барои ҳамин вазифаи мураббия аст, ки ба кўдакон талаффузи  дурусту фаҳмои овоз дар калима, талаффузи буррои калима мувофиқи меъёри забони адабии ҳозираи тоҷик ва нутқи гуфтории ифоданокро омўзонад. Нутқи кўдакон бо дигар самтҳои нутқ, аз ҷумла, луғат, нутқи грамматикӣ ва нутқи алоқанок дар як вақт инкишоф меёбад. Дар давраи синни калони  томактабӣ ва омодагӣ ба мактаб, аз суҳбат, нақл, ҳифзи шеър васеъ истифода карда мешавад. Кўдакони 6-7 - сола ҳамаи овозҳои забони тоҷикиро дуруст, калимаҳоро фаҳмою бурро талаффуз карда метавонанд, вобаста ба мазмун овозро баланду паст талаффуз мекунанд, инкишофи нутқи зарурӣ доранд. Ба таъкиди педагогҳои саршиноси тоҷик, дар ин синну сол баъзан кўдаконе вомехўранд, ки овозҳои калимаҳоро дурурст талаффуз карда наметавонанд. Барои нутқи дурусти кўдакон омўзгорони муассисаи томактабӣ вазифадоранд, ки ба кўдакон артикулятсияи овозҳои нутқро омўзонанд. Педагогикаи томактабӣ бойгардонии луғати кўдаконро яке аз вазифаҳои муҳими инкишофи нутқ меҳисобад. Дар  синни томактабӣ кўдак бояд луғатҳоеро аз худ кунад, ки ба ў имконияти бо ҳамсолону калонсолон муошират карданро диҳад, намоишномаҳои телевизионро то андозае фаҳмад.

 

Парвина Ҷўгиева,

омўзгори МТМУ №140, ноҳияи Ваҳдат

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш