Нашрияи Омӯзгор

Асарҳояш номашро зинда медоранд

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

 

Марги беамон риштаи омўзгори собиқадор, умри рўзноманигори сермаҳсул ва нависандаи соҳибзавқ Сироҷиддин Шарофиддиновро аз ҳам гусаст. Хабари доғро субҳ аз ҳамкорам акаи Абдурауф шунида, бағоят андуҳгину мутаассир шудам. Дарзамон пеши назар чеҳраи гарму нигоҳҳои пурмеҳру самимонаи шодравон падидор гардид. Ёдам омад, ки ҳанўз охири солҳои 80-ум навиштаҳои устодро аз саҳифаҳои нашрияҳои «Адабиёт ва санъат» ва «Садои шарқ» мутолиа карда, ба қобилияти вижаи эҷодияш тасанно мехондам. Асосан ҳикоя менавишт. Ва бисёр ҷолибу пурмуҳтаво, хонданӣ. Дар   хусуси  рўзгори  пуршеби фарози мардуми музофот, аз ҷумла, омўзгорон, занону мардони заҳматкаш, пиразанону мўйсафедон. Характерҳои офаридааш хотирмону дилнишин буда, ҳамеша вақеиятро ба риштаи тасвир мекашид. Медонистам, ки пешаи устод С.Шарофиддинов омўзгорӣ буд, вале ў шабҳо, баъд аз омодагӣ дидан ба дарсҳои рўзи дигар аз пайи иншои ҳикояту қиссаҳои марғубу муассир хобро аз ёд мебаровард… Шахсеро, ки аз рўйи навиштаҳояш ғоибона мешинохтам, бо амри тасодуф дар идораи нашрияи «Омўзгор» вохўрдам ва суҳбати мо, ки гарму ҷўшон буд, то дер идома ёфт. Ингуна устоди дарёдилу хоксор, ҳар гоҳе ба Душанбе меомад, ҳароина ба идораи нашрия ташриф меовард ва аз боби адабиёту асарҳои тозатаълифи худ ва ҳаёту фаъолияти омўзгорони мактаби зодгоҳаш бо ҳарорат ҳарф мезад…

Шодравон  соли 1950 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ  таваллуд ёфта, нахуст омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент ва сипас, факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи Б.Ғафуровро хатм карда, то охири умр дар дабистони зодгоҳаш ба сифати омўзгор ба фаъолияти худ идома бахшида буд. Дар тўли умри хеш устод С.Шарофиддинов ҳикоёту қиссаҳо ва чанд роману драма таълиф кардааст, ки дар китобҳои «Бозии қисмат», «Ташбеҳи ишқ», «Меҳру ғазаб», «Туғрал» ва ғайра ҷой дода шудаанд…

Чанде қабл бо акаи Сироҷиддин телефонӣ суҳбат доштам. Овозаш хаста мебаромад, мегуфт, ки бемор аст, лекин дард кўҳ барин ба бадан медарояду коҳ барин баромада меравад. Худо хоҳад, ҳамааш нағз мешавад. Китоби навам дар Хуҷанд чоп хоҳад шуд. Албатта, ба шумо мефиристам».

Сад дареғ, ки орзуҳои устод амалӣ нашуда, 17-уми декабр аз ҷаҳон абадӣ чашм пўшид. Марҳум соли 1999 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда, яке аз муаллифони китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 6 маҳсуб меёфт.

Ҷояшон биҳишти адн бошад!

Ш.РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш