Нашрияи Омӯзгор

Равнақи корҳои ободонӣ

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Раиси ноҳияи Муъминобод Тоҳирхон Амиршозода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вазъи корҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, фаъолияти мактабҳо нисбатан ба солҳои қаблӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар соли хониши 2017-2018  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ аз рӯи 6 фанни таълимӣ иштирок намуда, соҳиби 12 ҷойи ифтихорӣ  гардиданд.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 дар шаҳраку деҳоти Муъминобод  бунёди 178 иншооти таъиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, 23 муассисаи таълимӣ ва 14 муассисаи томактабӣ пешбинӣ шуда, аллакай корҳои бунёдкорию созандагӣ оғоз гардидааст. Дар соли 2018 сохтмони лагери истироҳатӣ-фароғатӣ дар деҳоти ба номи Нуралишо Назаров барои 400 нафар кӯдаку наврас  ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад 4 га қитъаи замин ҷудо шудааст. 5740 нафар хонанда дар 57 лагери таълимию фароғатии наздимактабӣ ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар 57 муассисаи таълимӣ корҳои таъмиру тармим давом дорад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш