Нашрияи Омӯзгор

Фидоии касби хеш

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 135        Шарҳ: 0

 

Гардуни бевафо тире аз аҷал сўйи мо андохт. Аз сафи мо яке аз устоди навовари соҳаи химия ва биология, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шўравӣ, муаллим - методист Абдусалоҳ Маноновро дар синни 75 - солагӣ ба дунёи хомўшон бурд.

Абдусалоҳ Манонов 25-уми декабри соли 1946 дар деҳаи Сарикутали ноҳияи Варзоб ба дунё омада, соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С.Айнӣ) ба факултети химия ва биология дохил гардид ва соли 1970 донишгоҳи номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Соли 1970 - 1971 дар мактаби №115-и деҳаи Якачуғуз ба сифати муаллими фанни химия ва биология кор кардааст. Баъдан соли 1971 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ даъват мешавад ва соли 1972 пас аз адои хизмати ҳарбӣ то соли 1991 дар мактаби мазкур ба ҳайси омўзгори фанни химия ва биология кору фаъолияташро идома додааст.

Абдусалоҳ Манонов аз соли 1991 то охирин лаҳзаи ҳаёт дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и деҳаи Сарикутали ноҳияи Варзоб адои вазифаи пуршарафи омўзгориро иҷро намуда, собиқаи кори умумии омўзгориаш 51 солро ташкил медиҳад.

Мавсуф дар муассиса барои баланд бардоштани савияи малакаю дониши мактаббачагон аз роҳу усулҳои гуногуни таълим ва тадрис истифода бурда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Ў муддати зиёда аз 45 сол  шогирдонашро ба олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанҳои химия ва биология, ки мақсадаш дарёфт ва тарбияи хонандагони болаёқат буд, омода месохт. Бо ин мақсад ба шогирдонаш машғулиятҳои иловагии берун аз ҷадвали дарсӣ, машғулиятҳои инфиродӣ, роҳҳои истифодаи адабиёти иловагии илмию таълимӣ ва методиро меомўзонид.

Машғулиятҳои пайвастаи ҷўяндагию эҷодкории Абдусалоҳ Манонов натиҷаи судманд дод. Ин аст, ки зиёда аз 30 нафар шогирдонаш ғолибони чандинкаратаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз фанни химия ва биология мебошанд. Ҷамъи дастовардҳои муаллими навовар аз солҳои фаъолияти кориаш дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёда аз 60 медалро ташкил медиҳад. То имрўз шумораи дастпарварони муаллим, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил шудаанд ва дар риштаи илмҳои табиӣ-риёзӣ аз пайи ин касб мебошанд, ба 300 нафар расидаанд. Дар баробари ин, 6 нафар шогирдони Абдусалоҳ Манонов соҳиби унвонҳои илмӣ гардидаанд.

Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ва ҳайати омўзгорони ноҳияи Варзоб ва ҷумҳурӣ устод Абдусалоҳ Маноновро ҳамчун омўзгори ҷўяндаю навовар ва соҳибмаърифат мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Бо саъю кўшиши ҳамешагии устод дар муассисаҳои таълимии ноҳия семинару мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмию методӣ баргузор гардида, ба муаллимони фанни химия ва биология ҳамчун сарвари иттиҳодияи методӣ бо усулҳои нав машғулиятҳои илмӣ-амалӣ мебурданд. Зиёда аз ин, устод Абдусалоҳ Манонов дар семенар-конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, тавассути радио ва телевиион дар бораи мактабу маориф ва роҳҳои беҳтар намудани кори таълиму тарбия баромадҳо карда, тавсияҳои судманд додааст.

Дар муддати фаъолияти хеш А. Манонов мактаби худро дошт, ки фаъолияти он пурра ба ҷустуҷўйи технологияи нави таълим, роҳҳои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, дарёфт ва кор бо хонандагони болаёқат равона карда шуда буд. Аз таҷрибаи мактаби А. Манонов бисёр устодони фанни химия ва биология баҳра бурдаанд.

Дарсҳои устод дар кабинет-лаборатория бо асбобҳои техникии ҳозиразамон таҷҳизонидашуда гузаронида мешуд. Ў дарсҳояшро мувофиқи технологияи ҳозиразамон аз диди нави педагогӣ мегузаронид, ки асоси онро мустақилият ва эҷодкории фардии хонанда ташкил медод.

Фаъолияти таълимию тарбиявии устод Абдусалоҳ Манонов дар киноочерки “Файзи саҳар”, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст сабт гардидааст, ки танҳо давраи аввали фаъолияти устодро фаро мегирад ва дар ин хусус дар китоби профессор Х. Буйдоқов “Аз таҷрибаи муаллимони химия” маълумот дода шудааст. Дар китоби “Нури маърифат” (Шамсиддин Маҳкамов) ва “Мо ворисони Сомониёнем” (Ҳасанов Т.) оид ба фаъолияти муаллим А.Манонов маълумот оварда шудааст.

Устод Абдусалоҳ Манонов соли 2003 дар озмуни “Муаллими сол” ширкат варзида, бо ишғоли ҷойи аввал сазовори унвони “Муаллими сол” дар ҷумҳурӣ гардида буд.

Номбурда на танҳо ба корҳои таълиму тарбия машғул буд, ҳамчунин ў дар таълиф ва таҳияи барномаву дастурҳои таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии химия иштироки фаъол дошт. Ў муаллифи дастурҳои методии “Маҷмўаи машқ ва масъалаҳои химияи органикӣ” барои синфҳои 10 - 11 (Душанбе, 2005, 134 саҳифа), “Истифодаи материалҳои дидактикӣ дар ҷараёни таълими химия” (Душанбе 1999, 20 саҳифа) ва муҳаррири китоби дарсии “Химияи органикӣ” барои синфи 10 (Душанбе 2006, 352 саҳифа) мебошад.

Фаъолияти омўзгории Абдусалоҳ Манонов бо 14 ифтихорномаи фахрии ноҳиявӣ, бо 6 ифтихорномаи фахрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаи шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои ИҷШС, ордени «Шараф», дараҷаи 3 қадр карда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои пуршарафи А. Маноновро бо унвонҳои фахрии Муаллими дараҷаи олӣ, муаллим-методист, унвони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шўравӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ кардааст. Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Абдусалоҳ Манонов дар давоми фаъолияташ рисолати инсонии худро дар назди халқу ватан бо сарбаландӣ иҷро намуд. Ҷойи устод дар қалбҳои мо дўстону ҳамкасбон ва шогирдон холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неки ў дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

 

ғ.Бобизода,

президенти Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон,

С.  Бандаев,

Корманди шоистаи Тоҷикистон,

узви вобастаи АТТ,

Э. Файзуллозода,

дотсент, декани

факултети химияи ДМТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш