Нашрияи Омӯзгор

Барф меборад...

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 65        Шарҳ: 0

 

Чун ҳарири сап-сафеди гуларўсон,

Чун баҳори гулфишони дўстдорон,

Дона-дона мисли  марвориди рахшон,

Дар шаби базми  висоли ёр-ёрон

Барф меборад...

 

Мебарад тўри  хаёлам ришта-ришта,

Мисли рўъёи сафеде бар гузашта.

Барфи  дона-донаи исторасон,

Мерабояд ҳушу ҷонам чун фаришта.

Барф меборад...

 

Шабпаракҳои  сафеданд дар чаман,

Ё гули барфанд дар дашту даман?

Барфи  дона-донаи  абрешимин

Пахтазори  сап-сафед аст бесухан.

Барф меборад...

 

Чашм медўзам ба сўи осмон,

Ин чи зебоӣ чу сеҳри соҳирон.

Хотироти кўдакӣ дурам барад,

Мисли  тифлӣ бар масири Каҳкашон.

Барф меборад....

***  

Аё модар

Аё модар, ки  дунёям  ту будӣ,

Ҷаҳони орзуҳоям ту будӣ.

Ҳама дору надору сарвати ман,

Фурўғи роҳи фардоям  ту будӣ.

 

Ду чашмам интизори  роҳи модар,

Дилам ҳамбастаи  даргоҳ модар.

Дигар дар хоб меҷўям, наёбам,

Замоне, ки будам ҳамроҳи модар.

 

Аё модар, ки  рафтӣ аз сари мо,

Сафову сабр бурдӣ аз бари мо.

Дигар бо кӣ нишаста, дард гўем,

Аё таҳсини қалбу гавҳари мо.

Кашам бар дидаам  хоки мазорат,

Шавам қурбони чашми интизорат.

Бигўям дардҳоям, модари ҷон,

Фидои ашкҳои шашқаторат.

 

Дубайтӣ ва рубоиёт

Ало, эй боди серуни кўҳистон,

Чӣ мушкин кардӣ ин кўю гулистон!

Аҷаб накҳат, магар бў аз биҳиштӣ,

Ва ё ки  нолаи най дар найистон?!

***

Ало, эй беди Маҷнун тора-тора,

ҷавонӣ кай расӣ бар мо дубора.

Мисоли оби дарё зуд рафтӣ,

Тааҷҷуб мекунам, аммо чӣ чора?!

***

Ин себаки хубонӣ ба об афтодаст,

Ду чашми сиёҳи ту ба хоб афтодаст.

Эй ёри азиз, чаро буридӣ паймон,

Ин хонаи дил бе ту хароб афтодаст.

***

Шамолак нарм- нармак мевазад боз,

Сарамро сила дорад ҳамчу ҳамроз.

Ба гўши ман бигўяд бо навозиш:

- Машав бо нокасон ҳамаҳду анбоз.

***

Мешуморам баргҳои заъфарон,

Чун ҳисоби рўзи ин умри равон.

Тирамоҳо, мисли дарси фалсафа

Мебарӣ андешаам то осмон.

Бибииззат СОЛЕҳОВА,

омўзгори мактаби №14, ноҳияи Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш