Нашрияи Омӯзгор

Фалсафа ва зиндагӣ

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

Пўстканда, яъне луб-лучаки гап ҳамин аст, ки банда дар сарлавҳагузорӣ хеле мелангам, зеро оид ба моҳияти сарлавҳа гуфтаҳои ягон файласуфи давраи атиқаро ҳанўз мутолиа накардаам, ҳарчанд китобҳои бисёри донишмандони даврони қадимро об карда хўрдаам.

Хуб, гап перомуни сарлавҳа мерафт. Сарлавҳа, яъне номгўи матни банда ҳарчанд рангин аст, дар асл вазнину сангин. Аввал хостам, ки “зиндагӣ”-ро дар ҷойи якум гузорам, вале аз фикрам гаштам, охир, фалсафа набошад, зиндагӣ маъние надорад. Банохост саволе пайдо шуд: “Зиндагӣ набошад, фалсафа аз куҷо пайдо мешавад?” Гаранг шудам. Оқибат ин гуфтаи як файласуфи даврони пеш: “Саодатмандӣ дар фалсафа аст”, маро раҳнамо шуду “фалсафа”-ро дар ҷойи аввал гузоштам.

Хўш, ба сари мақсад оем, перомуни фалсафа ва зиндагӣ файласуфони Юнони қадим бисёр навиштаанд. Бандаи ганда аз ҳар кадомашон мисолҳои зиёдро иқтибос меораму дар охир фикри шахсиямро иброз дошта, то қадри имкон ба шумо, хонандагони гиромиқадр, аз равзанаи фалсафа ба зиндагӣ назар карда тавонистанро нишон медиҳам. Файласуфе гуфтааст, ки ба зиндагӣ ба назари файласуфона бояд бингарӣ, вагарна саодатманд намешавӣ. Ба назари файласуфона нигаристан чӣ маъно дорад? Барои ба ин савол ҷавоб додан китоби бисёри файласуфони қадими юнониро бояд мутолиа кард. Бале, “Аз пайи ҳар гуна майда-чуйдаҳо нагардед” гуфтааст файласуф. Масалан, як адиби тавонои аслан файласуф гуфтааст, ки чумча ду қатра равған дорад, ту бояд он қатраи равғанро нарезонда, оламу одамро тамошо карда гардӣ. Агар як қатра равғанро ҳам резонӣ, вой бар ҳолат! (Дар ҳамон замон ҳам нархи равған басо гарон будаас-т-е!). Равғани гароннархро нарезонам гўӣ, аз мушоҳида мемонӣ, мушоҳида карда, таҷриба ҳосил кунам гўӣ, аз равған маҳрум мешавӣ. Файласуфи қадим хулоса мебарорад: “Аз равған маҳрум шудан аз шўрбояки гарм бенасиб мондан аст. Чун шўрбо нест, саодатмандӣ ҳам нест”.

Файласуфе дар даруни чалак, ба забони байналмилалӣ гўем, бочка мезистааст ва ин гуна ҳаётро баҳри худ саодатмандӣ ҳисобида, дигаронро ҷоҳил меномидааст. Ку, як санҷида бинем, дар дохили бочка зиста метавониста бошем? Барои аз ҷаҳолат ворастан дар дохили бочка зистан ва китобҳои файласуфони айёми мозиро гаштаву баргашта мутолиа кардан ҳатмист. Алҳол банда аз пайи ҳамин кор равонаам, яъне ба ҳазми маводи хурд-хурди имрўза вақт надорам.

Ман танҳо аз файласуфони Ғарб иқтибосҳо овардам, ҳанўз фикру андешаи хешро изҳор накардаам, зеро на ҳар кас чун файласуфони зиндаёд ҳикмати баланд гуфта метавонад.

Ҳаким АЛӢ,

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш