Нашрияи Омӯзгор

Пайванди маънавии устоду шогирд

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

«…Асозода олими асил ва муаллими босалиқа буд. Ў дар адабиёти тоҷик ҷои мондагор дорад, муҳим аз ҳама, мақсад дошт, ки адабиёти бойи тоҷикро бо адабиёти афғон алоқаманд созад, робитаи ногусастании ин ду адабиёти аслан як адабиётро бо далелҳои шоеъ ба ҳамдигар исбот намояд. Асарҳои илмӣ, илмиву оммавӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, тақризу мақолаҳои сершумори Х. Асозода ганҷинаи адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, публитсистӣ ва таълимии миллати тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Ўро ман ба сафи насли калонсоли илми тоҷик ворид месозам… Ман ўро васлгари илми филологияи солҳои 1980-2014 ҳисоб мекунам… Усули таҳқиқоти Асозода, хусусан асарҳояш дар бораи Айнӣ, Лоҳутӣ, Улуғзода идомабахши методи илмии Айнӣ ва Мирзоев аст…»

Ин иқтибос ба адабиётшинос ва мунаққиди шинохта, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Соҳиб Табаров мутааллиқ буда, рўзи фавти устоди зиндаёд Худойназар Асозода (18.02.2014) рўи авроқи дафтари хотирот – «Таассуроти ақлу дил» нигошта шудааст. Ва ҳамчун охирин чакидаи хома таҳти унвони «Болу парам рафт» баъди чаҳор рўзи фавти худи устод С.Табаров (12.04.2015.) дар таърихи 17.04.2015 дар рўзномаи «Омўзгор» ба табъ расид. Тарки ҳамешагии Асозода барои устоди 91-солааш шикасти сахту ғайричашмдошт буд.  Устод С. Табаров қайд мекунад: «18.02.2014. Сешанбе. Имрўз яке аз рўзҳои тира, шум ва аламнок дар моҳу солҳои охир аст. Дар ҳамин рўз аз дувумин боли қавиам маҳрум шудам… Агар то ба имрўз аз боли якумам Раҳим Мусулмонқулов (Мусулмониён) маҳрум гашта бошам, ҳоло аз боли пурқуввати дигар Худойназар Асозодаи азиз ҷовидонӣ ҷудо шудам. Имрўз марги нобаҳангом ин марди қавӣ, ҷавонмард, баномус ва олими асилро аз канори мо (махсусан, аз паҳлуи мани пири фартут ва дўстдораш) абадӣ бурд…» (Табаров С. Дафтари «Таассуроти ақлу дил», №118 аз 18.02.2014).

Воқеан, устод Х. Асозода миёни аҳли илму адаб ва фарҳангиёни кишвар ҳамчун як олим ва зиёии тоҷик бо масъулиятшиносӣ, дақиқназарӣ, диду афкори адабӣ – эстетикӣ, тарзу услуби нигориш, таҳқиқот ва ғайра ҷойгоҳи махсус доштанд ва доранд. Фаъолияти гуногунпаҳлу ва самараи маҳсули бахши адабиётшиносии мавсуф собитгари он аст, ки устод аз гурўҳи заҳматпешагон аст ва барои ба қуллаи мақсуд расидан шебу фарозҳои зиёдеро бо таҳаммулу виқори ба хеш хос пиёда сохтаанд.

Барои муваффақу муаррифӣ гардидани устод Х. Асозода низ якчанд омилу сарчашма таъсир расонидаанд, ки баъдҳо дар асарҳои ёддоштиаш онҳо инъикос ёфтаанд.

Аввал ин ки Х. Асозода дар муҳити фарҳангӣ ба дунё омада, зери сарпарастии падару модари омўзгораш мактаби мутавасситаро ба итмом расонида, соли 1956 ба омўзишгоҳи педагогии шаҳри Кўлоб ба номи А. Лоҳутӣ дохил мешавад. Баъди хатми омўзишгоҳ (1960) фаъолияти омўзгориро дар якчанд муассисаи таҳсилоти умумии манотиқи гуногуни кишвар идома медиҳад.   Соли 1963 ба сафи донишҷўёни бахши таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, олами наве барояш кушода мешавад. Мутаассифона, дар ин айём аз меҳру муҳаббати волидайн, яъне дар шонздаҳсолагӣ аз модар ва дар бисту чорсолагӣ аз падар маҳрум мешавад ва масъулияти саробонии се бародару як хоҳар ба зимааш меафтад. Мушкилоти ин айёми зиндагию фаъолияташро устод дар асарҳои ёддоштии «Афғонистони шоҳӣ» (2001), «Афғонистони инқилобӣ» (2003), «Зиёрати Каъбатуллоҳ» (1999), «Кашшофи рози адабиёт» (2004) ва «Достони зиндагӣ» (дар шаш ҷилд: 2006; 2007; 2012; 2013) бо назардошти хурдтарин ҷузъиёт муфассал ба қалам додааст.

Мақсади мо дар ин навишта марбут аст ба пайванди маънавии ду тан аз чеҳраҳои фарҳангӣ: устод Соҳиб Табаров ва Худойназар Асозода (устоду шогирд). Ин пайванд, ки чилу шаш сол идома кардааст, барои адабиётшинос Х. Асозода мояи ифтихор арзёбӣ шуда, сарчашмаи равнақёбӣ ва пажўҳишгарии ў ҳисобида мешавад.

Устод С. Табаров ҳанўз аз паси мизи донишҷўӣ Худойназари бо назардошти истеъдоду малака, завқмандӣ, ширкат ва маърўза кардан дар маҳфилу конфронсҳои илмӣ – адабӣ, инчунин, мушкилоти хонаводагӣ таҳти назар қарор дода, раҳнамоӣ мекард. Ба итмом расидани таҳсилашро дар донишгоҳ устод Х. Асозода чунин нақл мекунад: «Соли 1968 университетро тамом кардаму бо ҳукми тақдир ва хоҳиши устодам Д. Тоҷиев ва С. Табаров ду сол вазифаи лаборантии кафедраи забони тоҷикиро адо намудам. Ҳамин ду соли лаборантӣ маро ба С. Табаров наздик сохт ва аз ҳамин солҳо сар карда, дар пайи шинохти устод афтодам ва таҳти назорату дарсҳои иловагии эшон ба ҷодаи адабиётшиносӣ дохил гардидам» (Асозода Х. Зиёрати Каъбатуллоҳ. Сафарнома. – Душанбе, 1999. – 128 с.). Аслан дар кафедраи забони тоҷикӣ оғоз намудани фаъолият бидуни иродаву хоҳиши устод сурат баста, муваққатан тақозои муҳити корӣ буд. Чунин ранг гирифтани кор низ ба Х. Асозода барои тақвияти омўзиши масъалаҳои забоншиносӣ мусоидат намуд.

Ниҳоят, устод Х. Асозода соли 1970 мувофиқ ба майлу рағбати хеш роҷеъ ба омўзиши назария ва таърихи адабиёти шўравии тоҷик ва таваҷҷуҳмандии устод Соҳиб Табаров, ки мудирии кафедраи адабиёти советии тоҷикро бар уҳда дошт, ба аспирантура дохил мешавад. Рисолаи номзадиаш низ бо унвони «Ташаккули синфи коргар дар насри муосири тоҷик» зери роҳбарии Соҳиб Табаров тасдиқ мешавад, вале бидуни ихтиёр самти кор баъди чанд моҳе тағйир хўрда, нақшаи ноогоҳонае пешорўи Х. Асозода қарор мегирад. Тибқи хотироти мавсуф: «Аввалҳои моҳи январи соли 1971 буд, ки ба шуъбаи кадрҳои донишгоҳ даъватам намуда, ба дастам мактуби Вазорати геологияи шўравиро доданд. Дар он ҳуҷҷат гуфта мешуд, ки аз тарафи вазорати мазкур барои ду сол ба Афғонистон ҳамчун тарҷумони форсӣ фиристода мешавам. Ба асоси ин мактуб бояд 28-ум феврал дар Маскав шуда, ба идораи «Зарубежгеология» муроҷиат мекардам» (Асозода Х. Афғонистони шоҳӣ (Аз дафтари хотирот). Китоби 1. – Душанбе: Деваштич, 2001. – 304 с.). Сабаби даъвати устод хуб балад будани эшон ба алифбои арабиасоси форсӣ дониста мешавад. Аз ин нигоҳ, ў ва зумрае, ки теъдодашон зиёд набудааст, ҳанўз дар соли чоруми таҳсил аз ҷониби сарвари шуъбаи форсӣ, профессор Ҳилол Каримов номнавис ва ба Вазорати корҳои хориҷӣ манзур шудааст.

Чунин сурат гирифтани кор устод Х. Асозодаро дар вазъияти ногувор мемонад. Аввал ин ки ў ба ин сафар омода набуда, мушкилоти хонаводагӣ ва норозигии устодаш С.Табаров монеагӣ эҷод мекарданд. Аз ҷониби дигар ин даъватро ҳукми тақдир, боварии ҳукумати давр ва нишонаи ифтихормандӣ дониста, ҷиҳати васеъ намудани ҷаҳонбинӣ барои сафар райъи қатъӣ менамояд, зеро дар он давра ба кишварҳои хориҷӣ, махсусан, кишварҳои шарқи мусулмонӣ, аз ҷумла, Афғонистон сафар кардан падидаи душвор буда, на ба ҳар кас насиб мешудааст.

Норозигии устод С.Табаров дар айни тадқиқи мавзуи рисолаи номзадӣ танҳо як масъала – аз илм дур шудани шогирдаш буд. Вале чун мебинад, ки шогирд азми қатъӣ дорад, роҳҳои самаранок истифода бурдани ин сафарро ба манфиати худи ў роҷеъ ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ бо меҳру муҳаббати падарона роҳандозӣ менамояд. Яке аз роҳҳои таъмини пайванди маънавии устоду шогирд, ин номанигорӣ буд.

Рўзноманависӣ ва номанигорӣ дар ҳаёти маънавии устод  С.Табаров ҳамчун ҷузъи муҳимми соҳаи адабиётшиносӣ, амали ҳатмӣ маҳсуб меёфт ва аз нимаи дуюми солҳои 40-уми асри  ХХ то охири умр ба роҳ монда шудааст ва аз қавли устод: «Навиштани рўзнома, мактуб … ба таърихи моддиву маънавии ҳар як миллат маводи бузургу пурқимат медиҳанд… аксарашон сарчашмаи боэътимод ва ҳақиқии таърихи миллат шуда метавонад. Сабаби ин дар он аст, ки бадоҳатан, дар вақти гармиашон, дар лаҳзаи аниқи вақту замон ва макону ҷой навишта ва қайд карда шудаанд». (Табаров С. Дафтари «Таассуроти ақлу дил», №117 аз 22.01.2013). Агар устод С.Табаров дар ин ҷода аз мактаби бузурги устод С. Айнӣ ва дигар бузургони миллат сабақ гирифта бошад, ба шогирдон ҳамеша муҳиммият ва иҷрои онро бо қатъият таъкид мекарданд.

Х. Асозода дастуру талаботи устод С. Табаровро дар мадди назар  гирифта, дар фаъолияти илмиву омўзгорӣ ва муносибатҳои фардӣ ба ў пайравӣ мекард.

Дар муҳити адабию фарҳангии кишвар устод Х. Асозодаро натанҳо ҳамчун муҳаққиқи таърихи фарҳангу  адаби тоҷикӣ, балки ба сифати пажўҳишгари таърихи адабиёти мардуми форсизабонон мешиносанд. Савол ба миён меояд, ки муваффақияти Х. Асозода дар шинохту тадқиқи адабиёти Эрону Афғонистон аз куҷо ғизо мегирад? Маҳз аз сафари нахустини эшон ба кишвари Афғонистон. Ҳоло он ки ў тибқи роҳхат ҳамчун тарҷумон ба соҳаи ғайри тахассус (яъне, геология) ба ин сарзамин сафар кард. Х. Асозодаро дар ин сафарҳо (боз чандин маротибаи дигар сафар дошт) дастуру супоришҳо ва таъкидҳои устод С.Табаров, ки ба воситаи номаҳо сурат мегирифт, ягон лаҳза қарор намегузошт. Вобаста ба ин масъала роиҷ намунае аз номаҳои устод Соҳиб Табаров ба шогирдаш Худойназар Асозода пешниҳоди хонанда мешавад:

«20 сентябри соли 1971. Ассалом, Худойназарҷон. Мактуби навбатии камина дар хусуси кору меҳнати илмӣ ва эҷодӣ аст. Ин фикр пас аз хондани мақолаи калони Мухторов дар бораи ҷойҳои таърихии Афғонистон ва суратҳои зиёди он ҷо дар журнали “Садои Шарқ” ба вуҷуд омад.

Шумо хуб медонед, ки тақдири таърихии Афғонистони бо мо ҳамсоя бо Моваруннаҳр сахт алоқаманд аст. Дар Афғонистон зиёда аз 6 миллион тоҷикон (ки худашонро даризабон мегўянд) зиндагӣ мекунанд. Забони  онҳо аз аҳолии Кўлобу Қаротегину Дарвоз тамоман фарқ намекунад: урфу одат ва тарзи зисту зиндагониашон аз мо – тоҷикон ҳеҷ фарқ надоранд: анъанаи илмӣ ва фарҳангиашон чун мо мебошад. Фарқи азим дар он аст, ки мо озод, хушбахт, созандагони коммунизмем, тоҷикони Афғонистон аз ин неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ҳоло маҳруманд. Аммо рўзе меояд, ки онҳо ҳам озодона нафас мекашанд. Аз ҳамин сабаб сафари кўтоҳи Мухторов ва мақолаву суратҳои ў, мо, тоҷикони советиро бо гузаштаи ин кишвар ошно намуд.

Шумо дар сафарҳо чунин материалҳо ҷамъ мекардед, хеле хуб мешуд. Аммо таъсири танбалии анъанавии мо (аз ҷумла, камина) ба шумо расидааст ва чунин материалҳои илмӣ-адабӣ, этнографӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо ҷамъ накардагистед. Ин корро Асадуллоев, Норматов, Маъсумӣ, Мухторов ва дигарон ба ҷо оварданд ва чандин мақолаҳои хуб аз адабиёт, фолклор ва таърихи Афғонистон чоп намуданд. Ҳоло ҳам дер нест: аз ин муҳлат истифода бурда, материал, фото… ҷамъ кунед…

Умуман, хоҳишмандам, ки тамоми умратонро баҳри илми советӣ сарф намоед… Ба ҳама аҳли хонаводаатон салом. Бо эҳтиром Соҳиб Табаров. ш. Душанбе.” (Мактуби Соҳиб Табаров аз 20 сентябри соли 1971 ба Худойназар Асозода).

Дар номаи дигар устод С. Табаров шогирдашро аз баргузор шудани конференсияи забоншиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки як қатор донишмандони ин соҳа, аз ҷумла Растаргуева, Успенская, Неменова ва … ёдрас мекунад.  Дар ин чорабинӣ дар қиёс омўхтани баъзе хусусиятҳои грамматикӣ-фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, лексикӣ, этимологӣ, семантикӣ, семасиологӣ ва дигар масъалаҳои забонишиносиро, ки миёни олимон баҳсу мунозираҳо шудааст, таъкид месозад. Ва бо назардошти монандии забони гуфтугўии форсизабонони Афғонистон бо лаҳҷаву шеваҳои навоҳии кўҳистони Тоҷикистон шогирдашро вазифадор мекунад: «Дар ин кор баъзе материалҳоро аз забони гуфтугўи аҳолии Афғонистон ҷамъ карда метавонед? Агар тавонед, фақат ҷумлаҳои оддии ҳаррўзаро, ки аз масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дур бошанд, бе маҷбуркунӣ дар дафтар қайд кунед. Ба транскрипсия, албатта, ва ҳатман диққат диҳед. Мисол: «гул» не, гъл; булбулро блъблъ нависед… нонро нун гўянд, нун нависед; ҳақро ҳак талаффуз кунанд, ҳак ба қалам диҳед… ин кор барои илми диалектология аҳамияти хеле калон дорад» (Мактуби Соҳиб Табаров аз 27 ноябри соли 1972 ба Худойназар Асозода).

Тақрибан ҳама номаҳои устод С. Табаров ба Х. Асозода бо ҳамин гуна талабот, яъне омўзиш таҳия шудаанд. Ҳузури Х. Асозода дар Афғонистон аз нигоҳи устодаш барои масъалаҳои илмӣ фурсати хеле муфиду мусоид арзёбӣ мегардид. Ҳар як номае, ки ба Х. Асозода мерасид, новобаста ба он ки он аз устод Табаров ё каси дигар буд,  мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳогузорӣ ва дар дафтари хотирот қайд мешуд: «Номаҳои хотирмон аз устодам Соҳиб Табаров буданд. Эшон ҳамеша насиҳат медод ва барои  баланд бардоштани сатҳи донишу савод ташвиқам менамуд. Дар ягон номаи устод ғайбату бадгўии касе ба мушоҳида намерасид. Насиҳат боз ҳам насиҳат мазмуни асосии мактубҳои С. Табаровро ташкил медод … Ҳамеша устод дар номаҳоям аспирант буданамро таъкид менамуд. Баъд аз сарзанишҳои устод бештар асарҳои адибони рус ва ҷаҳонро мехондагӣ шудам» (Асозода Х. Афғонистони шоҳӣ (Аз дафтари хотирот). Китоби 1. – Душанбе: Деваштич, 2001. – 304 с.).

Соли 1973 устод Х. Асозода бо хотима ёфтани қарордод аз кишвари Афғонистон ба Ватан бармегардад. Таҳсилро дар аспирантура идома бахшида, соли 1976 рисолаи номзадиашро бо муваффақият ҳимоя мекунад. Бо мақсади омўзиши адабиёти Тоҷикистону Афғонистон бо супориши мудири кафедраи адабиёти советии тоҷик устод С. Табаров тадриси фанни таърихи адабиёти шўроии тоҷик ба уҳда мегирад.

Соли 1978 Х. Асозода бори дигар тибқи қарордоди раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба муддати се сол дар ҳайати мушовирони  шўравӣ дар назди Ҳукумати Афғонистон ба сифати тарҷумон ба ин кишвар фиристода мешавад. Сафари навбатии устод бо таҷрибаи бою ғанӣ андўхташуда, диди тоза, қадамҳои ҷиддию ҳадафмандона сурат баста, ақидаҳои ўро роҷеъ ба муштаракоти адабу фарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон рушду такомул додааст: «Мардуми фарсизабони Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон фарҳанги муштарак доранд. Забону адабиётамон низ форсист, фақат ба он фарқ мекунад, ки садаи ХХ онро ба форсиву дарӣ ва тоҷикӣ «маъруф» сохтааст…» (Асозода Х. Адабиёти форсӣ ва се шохаи он. – Душанбе: Маориф, 1999. – 128 с.).

Бо гузашти вақт рўи чоп омадани китоби «Афғонистони шоҳӣ» (2002) куллан собит менамояд, ки Х. Асозода ба таъкиду сабақҳои устод С. Табаров арҷ гузоштааст. Дар китоби мазкур Х. Асозода саргузашту робитаашро бо шаҳру навоҳии Афғонистон; ҳолати ҷуғрофӣ, урфу одат, лаҳҷаву шева, маданияту санъат; вохўриҳо бо ходимони бузурги давлативу ҷамъиятӣ, чеҳраҳои илмиву адабӣ, марказҳои фарҳангу тамаддун ва ҳизбу ҳаракатҳоро бо шавқу рағбат рўи чоп овардааст. Чунин муносибат то рўзҳои вопасин рўзҳои ҳаёти Х. Асозода ҳамқадамаш будаанд.

Асарҳои ёддоштии устод Х. Асозода: «Зиёрати Каъбатулло» (1999), «Афғонистони шоҳӣ» (2003), «Кашшофи рози адабиёт» (2004) ва «Достони зиндагӣ» (дар шаш ҷилд – 2006; 2007; 2012; 2013;) маҳз дар заминаи дафтарҳои хотира иншо шуда, вобаста ба тақсимбандию номгузории бобҳо, қувватнокии бадеият, дақиқияти ҳаводис, манзарасозӣ, дарки олами ботинӣ ва ғайра таъсири «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам», «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ», «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода, «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман», «Он чӣ аз сар гузашт»-и Ҷ. Икромӣ, «Таассуроти ақлу дил»-и С.Табаров барҷаста мушоҳида мешавад.

Солҳои 1985-1988 Х. Асозода дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди шўравӣ дар шаҳри Маскав ба ҳайси доктарант таҳсил мекунад. Рисолаи доктории ў бо унвони «Ташаккули системаи жанрҳои насри дарии Афғонистон» далел бар он аст, ки дар ин мавзуъ омўзишу маълумоти фаровон дорад.  Зери роҳбарии академик Е. М.Челишев соли 1989 рисолаи докториро дифоъ намуда, тибқи хулосаи Шўрои диссертатсионӣ аввалин доктори илми филология оид ба адабиёти Афғонистон эътироф мегардад.

Таълифи китобҳои «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» (1991), «Чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ» (1996), «Адабиёти садаи ХХ-и форсии тоҷикӣ» (1996), «Адабиёти садаи ХХ-и форсии дарии Афғонистон» (1996), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997), «Адабиёти тоҷикӣ садаи ХХ» (1999;2014), «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (2000), «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ» (2004), «Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷодии ў» (2007), «Саргузашти устод Лоҳутӣ» (2009) ва ғайра аз ҷумлаи осори илмиву таълимии профессор Х. Асозода буда, маҳсули пажўҳиши сафар ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон, Афғонистон, Эрону Покистон, дигар марказҳои илмию фарҳангӣ мебошад.

Адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи тоҷик, устод С. Табаров аз мактаби илмиааш шаш нафар шогирдонро ном мебарад, ки дуввумин намояндаи он профессор Х. Асозода  ҳамчун кашшофи таърихи адабиёти тоҷикзабонони олам муаррифӣ шудааст.

Осори илмию таълимӣ ва адабии ба мерос гузоштаи устод Х. Асозода ва зиёда аз панҷ ҳазор китобе, ки ба ДМТ тўҳфа кардааст (ҳоло номи «Махзани адаб»-и профессор Х. Асозодаро дорад), барои муҳаққиқону пажўҳишгарони фарҳангу адабиёти тоҷик ва берун аз он ҳамчун маъхази муътамаду шоиста хизмат карда, ёди устодро ҷовидонӣ нигоҳ хоҳад дошт.

Наврўз Қаландаров,

 дотсенти кафедраи назария  ва

адабиёти навини форсии

тоҷикии ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш