Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи фарохназар

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

 

Дар таҳқиқи  масъалаҳои  гуногуни  рўзгору осори  устод Рўдакӣ донишманди тоҷик Холиқ Мирзозода (1911 – 1992) низ  саҳми арзанда гузоштааст.

Чашмандози эҷодии Х. Мирзозода хеле васеъ буда, масъалаҳои гуногуни таъриху назарияи адабиётро  фаро мегирад. Ба муносибати 1100-солагии асосгузори  адабиёти  тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ як гурўҳ донишмандони тоҷик барои  омодагӣ ба ҷашн сафарбар карда шуданд, ки дар байни онҳо  А. Мирзоев, Х.Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, Р. Ҳодизода ва дигарон буданд. Х.Мирзозода дар ин маърака хеле фаъолона амал карда, дар  рўзномаву  маҷаллаҳо мақолаҳои зиёди  илмиву  оммавӣ нашр намуд. Дар  мақолаҳои «Рўдакӣ – асосгузори  адабиёти классики тоҷик» (рўзномаи «Ўзбекистони сурх»,12 майи 1956), «Абулҳасани Рўдакӣ – ифодакунандаи  идеяҳои пешқадами  асри Х» («Тоҷикистони сурх», 13 майи 1956), «Чанд сухан  дар бораи  мероси адабии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ» (маҷаллаи «Мактаби советӣ», 1958, №1), «Аҳамияти  эҷодиёти  Рўдакӣ ва гуфторҳо дар бораи вай» («Газетаи муаллимон», 25 феврали 1958),  «Ба пешвози  ҷашни шоири бузург» («Тоҷикистони  советӣ», 9 августи 1958), «Великий поэт Х века» («Коммунист Таджикистана», 17 октябри 1958) ва ғайра  хонандагонро  бо муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагиву осори устод Рўдакӣ ва  андешаҳои баланди башардўстии ў  шинос намуд. Дар баробари  навиштани мақолаҳои  илмиву оммавӣ Х. Мирзозода ба таҳқиқи илмии масъалаҳои муҳимми  осори  шоир машғул гардид. Таваҷҷуҳи ўро беш аз ҳама рубоиёти устод Рўдакӣ  ҷалб намуд. Ў дар мақолаи «Рўдакӣ ва такомули шакли назми рубоӣ», ки дар маҷмуаи  «Рўдакӣ ва замони  ў» (1958) ба табъ расид, рубоиёти боқимондаи устод Рўдакиро  баррасӣ намуда, нақши  ўро дар ташаккулу такомули ин навъи шеър нишон додааст. Ў, пеш аз ҳама, кўшишҳои  донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисиро дар ҷамъоварии рубоиҳои шоир  ёдрас шуда, сипас, 40 рубоии боқимондаи Рўдакиро  мавриди таҳлил қарор медиҳад. Рубоиҳои боқимондаи устод Рўдакиро  муҳаққиқ аз рўи мавзуъ ва муҳтаво ба чаҳор гурўҳ  ҷудо карда, ба тартиб андешаҳои сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳасбиҳолӣ ва  ишқу ошиқиро  баррасӣ менамояд. Дар мақолаҳои  «Чанд сухан дар бораи  мундариҷаи ғоявии рубоиҳои устод Рўдакӣ» (маҷаллаи «Шарқи сурх», 1958, № 10), «Рубоиҳои Абуабдуллоҳ Рўдакӣ» (Маҷмуаи илмии Институти педагогии шаҳри Душанбе, ҷ. 25, 1958), «Дар бораи  мундариҷаи  ғоявии рубоиёти Рўдакӣ» (дар китоби «Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик», 1962) ҷанбаҳои гуногуни  рубоиҳои бозмондаи шоир  таҳқиқ шудаанд.

Таҳқиқи рўзгору осори Рўдакиро Х. Мирзозода то поёни   умр пайваста идома додааст. Дар мақолаи «Ҳимояи давлати   марказӣ дар ашъори  Рўдакӣ» (рўзномаи «Маориф ва маданият», 18 майи 1971) робитаи шоир бо амирону вазирони сомонӣ ва нақши  ў дар таҳкими давлатдории онҳо  бо таҳлили чанд намуна ба субут расонда шудааст.

Дар мақолаи  «Унсурҳои ақоиди риндӣ дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ» Х.Мирзозода, пеш аз ҳама мафҳуми риндиро шарҳ дода, онро «илҳод  бар дин ва амрҳои  шариати исломӣ, пас бар хилофи мафкураи феодалӣ» медонад. Андешаҳои ҳаётдўстонаи Рўдакӣ, талқини хушгузаронии умр, шодиву тараб, истифода аз неъматҳои моддӣ ва амсоли инҳо, ки дар ашъори  шоир хеле фаровон ба назар мерасанд, ҳамчун зуҳури  ақидаи риндӣ қаламдод мешавад. Муҳаққиқ андешаҳои  ҳаётдўстонаву риндии Рўдакиро хилофи таълимоти дину тасаввуф дониста, маншаи онро дар  ашъори шоир аз  таълимоти  гедонизми Юнони бостон меҷўяд ва менависад: «Як  силсила шеърҳои боқимондаи Рўдакӣ исбот менамояд, ки дар ақоиди ў ҳиссиёти  айшпарварии замонаш (аз ҳаёт ком гирифтан) ва гедонизм, ки аз фалсафаи  юнонии стоикҳо ва Эпикур ғизои маънавӣ мегирад».(Х. Мирзозода. Унсурҳои  ақоиди риндӣ дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ. Ёдбуди устод Рўдакӣ. Душанбе, 1978, саҳ. 47). Ҳарчанд ин фарзия ҳанўз далели қотеъ надорад, вале барои таҳқиқи амиқи ин масъалаи  муҳим такон мебахшад ва таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба он   ҷалб менамояд.

Х. Мирзозода ҳамчун рўдакишиноси варзида дар  ҳамоишҳо ва баҳсҳои илмӣ перомуни аҳволу осори  Рўдакӣ фаъолона ширкат менамуд. Аз ҷумла, асари устоди Донишгоҳи  Петербург А. Тоҳирҷонов «Рўдакӣ. Ҳаёт ва осор. Таърихи таҳқиқ», ки соли 1968  ба табъ расид, боиси баҳс миёни муҳаққиқон гардид. Худи асар ҷанбаи мубоҳисавӣ  дошта, бо нуктаи «Ҳақиқат зодаи баҳс аст» оғоз меёбад.  Роҷеъ ба ин асар  тақризҳои В. Асрорӣ, В. Демидчик, С.Саъдиев, А. Абдуллоев ва Х. Мирзозода  нашр мешаванд. Ба хусус,  тақризҳои муфассали  С. Саъдиев ва Х.  Мирзозода ҷанбаи мубоҳисавӣ доштанд. Х. Мирзозода дар мақолаи «Илми бебаҳс пойдор намонад», ки дар  маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1971, №4) ба табъ расид, ҳусну қубҳи асари  А. Тоҳирҷоновро бо далелҳо нишон додааст. Ў андешаҳои А. Тоҳирҷоновро  ба ду гурўҳ ҷудо намуда, мулоҳизаҳои вайро дар бораи  ному куния, соли таваллуду вафот, баромади иҷтимоӣ, таҳсил ва тарбияаш дар Самарқанд ва амсоли инҳо дуруст ва бебаҳс мешуморад. Вале дар атрофи гурўҳи дувуми андешаҳои А. Тоҳирҷонов ба таври муфассал баҳс намуда, бепоя будани онҳоро ба субут мерасонад. Аз ҷумла  дар бораи  кўрии Рўдакӣ аз замони шоир то имрўз баҳс давом дорад. А. Тоҳирҷонов Рўдакиро кўри модарзод ба қалам дода, онро исбот карданӣ мешавад ва С. Саъдиев ҳам онро  тақвият медиҳад. Х .Мирзозода бо далелҳои муътамад кўри модарзод набудани  Рўдакиро собит месозад ва тахмин мекунад, ки «шояд дар пиронсолӣ чашмони ў тира шудаанд, ки ин ҳам як навъи кўр будан аст». Вале Х.Мирзозода ин андешаи комилан дурусти худро  тақвият надода, эҳтимоли кўр карда шудани ўро ҳам ба миён мегузорад ва ба чунин хулоса меояд: «Ба ҳамин тариқ, дар бораи нобиноии Рўдакӣ, ба фикри мо, ду ақида ба ҳақиқат ва мантиқ наздик аст: Яке аввал сиҳат будани  чашмони ў ва  тадриҷан  ба сабаби  касалӣ ва ё пирӣ дар  охири умр хирачашм шуда, дигаре бо дасти душманон, рақибон ва ҳасудон кўр кардани ў».( Х.Мирзозода. «Илми бебаҳс пойдор намонад». Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт. Душанбе, 1973, саҳ.9.) Ба ин тартиб масъалаи нобиноии Рўдакӣ ба таври дақиқ равшан намегардад.

Масъалаи баҳсноки дигар дар асари  А.Тоҳирҷонов ба ҷараёни қарматия робита доштани Рўдакӣ аст, ки онро афсона мешуморад. Х.Мирзозода бо далелҳо  ҷанбаи халқӣ доштани ҷараёни  қарматияро нишон дода, ба он гаравиш доштани  шоирро таъкид кардааст. Ба ин минвол, андешаҳои дигари А.Тоҳирҷонов  мавриди баҳс қарор дода шудаанд.

Муҳимтарин асари Х. Мирзозода дар  рўдакишиносӣ рисолаи  «Абуабдуллоҳи Рўдакӣ асосгузори адабиёти классики тоҷик» мебошад, ки соли 1958 дар арафаи  ҷашни 1100-солагии шоир  ба нашр расидааст. Ин рисола пас аз асарҳои Саид Нафисӣ ва А. Мирзоев аз зумраи беҳтарин таҳқиқот дар ин замина ба шумор меравад. Дар боби аввали рисола «Назаре  ба замони  зиндагии Рўдакӣ» масъалаҳои ташкили давлати Сомониён, сиёсати хориҷиву дохилии он ва муносибати  ҳокимон ба  адибону донишмандон матраҳ шудаанд.

Дар боби «Мероси адабии устод Рўдакӣ» Х.Мирзозода масъалаи баҳсноки  миқдори  ашъори шоирро ба миён гузошта, андешаи худро  баён намудааст.

Фасли  «Абуабдуллоҳ Рўдакӣ»-и китоби  «Таърихи адабиёти  тоҷик», ки ҳамчун дастури таълимӣ барои  мактабҳои олӣ таълиф шудааст, низ арзиши як рисолаи комилро дорад. Дар  он Х.Мирзозода ба таври муфассал тарҷумаи ҳол, мероси адабӣ, ҷаҳонбинии Рўдакӣ, панду ҳикматҳо,  тараннуми ишқ, тасвири табиат дар   ашъори ў ва маҳорати суханварии шоирро баррасӣ намуда, мавқеи баланди  Рўдакиро дар  таърихи адабиёти тоҷику форс таъкид кардааст.

Асарҳои Х.Мирзозода дар шинохти ҷанбаҳои гуногуни рўзгору осори устод Рўдакӣ хеле судманд буда, имрўз ҳам арзиши баланд доранд.

Мирзо Муллоаҳмад

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш