Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳои назарраси донишгоҳ

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон мунтазам тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд, яъне, татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва қабули ҳадафи чорум саноатикунонии миллӣ дар асоси тавсеа ва рушди иқтисодиёти кишвар тавассути ҷалби сармояи мустақим, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, инчунин, бунёди неругоҳҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ дар кишвар мебошад, ки барои ин, албатта, мо бештар ба мутахассисони соҳаи муҳандисию техникӣ эҳтиёҷ дорем.

Иқдоми дигаре, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар амалӣ мегардад, эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун 20-солаи рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, ки дар доираи ин  як зумра чорабиниҳои мақсаднок дар миёни толибилмону донишҷўён, ҷиҳати рушди ин соҳа роҳандозӣ мегардад. Бо амалӣ намудани чорабиниҳо ва озмунҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ, ба монанди озмунҳои фаннӣ дар миёни толибилмону донишҷўён, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, олимпиада дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурўғи маърифат” ва дигар озмунҳои мақсаднок ба рушди соҳаи илмҳои риёзию дақиқ ва ихтирооту навоварӣ дар ҷумҳурӣ таъсири муфид мерасонад.

  Натиҷаи ин аст, ки солҳои охир дастовардҳои илмии ҷавонони мо дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд гашта, корҳои таҳқиқотии муҳаққиқони тоҷик дар истеҳсолот амалӣ мегарданд.

Дар робита ба ин, саҳми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон профессор  Қ.Давлатзода назаррас буда, нисбат ба олимону муҳандисони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Натиҷаи таваҷҷуҳ ва кумаку ҳавасмандгардониҳо буд, ки дар ин давра як зумра олимони ҷавон рисолаҳои номзадию доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Олимони донишгоҳ дар конференсияҳои илмию назариявӣ ва илмию амалӣ бо тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштироку суханронӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ мунтазам боло рафта, олимону муҳаққиқони донишгоҳ бо шаҳодатномаю патентнҳои илмии дохилӣ ва байналмиллалӣ сазовор мегарданд, ки ин албатта, мақоми донишгоҳро дар рейтинги сифати таълим миёни муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ баланд бардошта, аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳодатнома қадрдонӣ гардидааст.

Ҳамчунин таҳти роҳбарии устодони кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ Ҷ. Ҷовидӣ ва А. Қосимов  дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурўғи маърифат” донишҷўи бахши чоруми факултети ТИваК Рамзиёр Назаров сазовори ҷои сеюм  дар даври шаҳрӣ ва магистри соли дуюми ҳамин факултет Шамсиддин Саидов дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюм, таҳти роҳбарии устоди кафедраи физика Шералӣ Ашўрматзода донишҷўи курси аввали факултети СваМ Шоҳрўз Толибов дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм, донишҷўи факултети ДМТБ Абдулҳафиз Ғофилов дар  озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурўғи маърифат” аз рўи номинатсияи физика ва астрономия соҳиби ҷои сеюм ва Умед Тураев ҷои дуюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, таҳти роҳбарии устодони кафедраи математикаи олӣ  Ш. Саидов ва Х.  Абдусаломзода донишҷўи курси дуюми факултети ДМТБ Исмоил Турдиев барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовори ҷои дуюм, инчунин, сазовори ҷои дуюм барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат,  донишҷўи бахши якуми факултаи МКваН Айматов Эҳсон соҳиби сертификат дар даври сеюми интернет-олимпиадаи байналмилалӣ байни донишҷўёни давлатҳои муштарак дар филиали МГУ ба номи А.М.Ломоносов ва Муҳаммад Давлатов    дар  озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурўғи маърифат” аз рўи номинатсияи риёзӣ соҳиби ифтихорнома дар даври шаҳрӣ гардиданд.

М.М. Садриддинов,

н.и.ф.  дотсент, мудири кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ,

Б. А. Шарафзода,

магистри шуъбаи тайёрии

 касбии хизматчиёни давлатии АИДН ПҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш