Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз пайдоиши инсон

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 122        Шарҳ: 0

 

Дар синфи 11 ҳангоми гузаштани мавзуъҳои дарсӣ аз фанни биологияи умумӣ ба методу шеваҳои гуногуни таълимию дидактикӣ эътибори ҷиддӣ бояд дод. Дарсҳоро аз фанни мазкур бо истифодаи васоити аёнӣ (расмҳо, таблитсаҳо, харитаҳо…),  дастгоҳҳои техникӣ (хусусан, тахтаи электронӣ) ва пешниҳоди варақчаҳо бо саволҳои тестӣ (бо мақсади мустаҳкамкунии мавзуи нав) метавон ҷолибу пурмуҳтаво ва шавқовар гузаронд. Ҳамин омилҳоро вақти ба роҳ мондани дарси навбатӣ дар мавзуи «Мавқеи одам дар системаи ҳайвонот»  истифода мебарам. Ҳангоми  баёни мавзуи нав аёният  - намуди дохилии одам (васоити маснуӣ) ва скелети онро пешорўи шогирдон мегузорам. Зеро моҳияти мавзуъ ба инкишофи зина ба зинаи организми инсон алоқаманд аст. Аз ҷумла, бо истифода аз аёният (намуди дохилии бунияи одам) ба шогирдон тавзеҳ медиҳам, ки дар раванди инкишофи ҷанини одам, пайдо шудани хорда, роғҳои ғалсама дар ковокии гулў, найчаи асаб дар пушти ҷанин, таносуби дутарафаи сохти бадан далели он аст, ки одам ба типи хордадорҳо дохил мешавад. Инкишофи сутунмуҳра, дил ва мавҷуд будани  як ҷуфт пой мансуб будани ўро ба зертипи сутунмуҳрадорон нишон медиҳад. Ҳамчунин, ба шогирдон хотиррасон мекунам,  ки бинобар доштани дили чорхонагӣ ва ғадудҳои шир одам ба синфи ширхўрон дохил мешваад Ҳамаи одамони ҳозира ба як намуд тааллуқ доранд. Қобилияти инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнӣ дар ҳамаи нажодҳо якхела мебошад. Тавре маълум аст, одамон ба се нажод: негроидҳо (сиёҳпўстон), европоидҳо (сафедпўстҳо) ва муғулоидҳо (зардпўстҳо) ҷудо карда мешаванд. Ҷамъияти инсонӣ барои худ муҳити зист ба вуҷуд оварда, бо ҳамин роҳ аз таъсири интихоби табии пешбаранда озод мешавад. Дар одам ҳоло ҳам тағйироти ирсии фардӣ – мутатсия ҷой дорад, аммо дар асоси донишҳои худ, ки дар такомул мебошанд, роҳҳои идора намудани қонунҳои биологиро ёд мегирад, пайдоиши аломатҳои зарарнокро пешгирӣ менамояд ва ба ташаккули  аломатҳои фоиданок мусоидат мекунад. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми ба поён расондани мавзуъҳои як боб аз саволу супоришҳои тестӣ истифода мекунем. Аз ҷумла, баъди анҷоми боби «Пайдоиши одам» дар китоб 23 тест дорои се савол ҷой дода шудааст, ки хонандагон мустақилона ба  суолҳо посух мегўянд.  Дар хатми мавзуъ ба хонандагон мефаҳмонам, ки нақши меҳнат дар пайдоиши одам калон буда, муносибатҳои ҷамъиятиву меҳнатӣ ҳамчун асоси пайдоиши ҷамъияти муташаккил мавқеи асосӣ ва ҳалкунанда пайдо намуданд. Меҳнат  ба инсон имкон дод, ки аз табиат ҷудо шуда, барои худ муҳити зист ба вуҷуд оварад.

Зуҳро БАЧАГАРИЕВА,

омўзгори биологияи

МТМУ №72, ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш