Нашрияи Омӯзгор

Ду бахши як илм

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Бо гузашти айём дар заминаи пешрафти илму техника, ба миён омадани навгониҳо ва вусъати пажуҳишҳо тамоми фанҳо такмил меёбанд, мазмуну муҳтавояшонро густариш мебахшанд. Вобаста ба ин, шохаҳои нави фанҳо пайдо мешаванд, калимаю ислоҳоти тоза мавриди истифода қарор мегиранд. Ин ҳолат ба илми химия низ тааллуқ дорад. Ин илм солҳои охир ҳамбаста ба фаъолияти олимону муҳаққиқон ва таҷрибагарон хеле пеш рафт, ба комёбиҳои беназир мушарраф гашт. Бисёр дастовардҳои илми муосир бо равнақи химия алоқамандии қавӣ доранд. Дар давоми чанд даҳсолаи охир тозатарин бахшҳои илми химия ба дараҷае комёб гаштанд, ки баъзан қисмате аз ин бахшҳоро ҳамчун илми мустақили ҳамбаста ба химия муаррифӣ мекунанд. Ин маврид ба сифати далел таваҷҷуҳ менамоем ба ислоҳоти химиявии геокимиё ва биогеокимиё. Ин ду бахши химия таърихи чандон тўлонӣ надошта бошанд ҳам, имрўз дар таркиби илми химия мавқеи устувору чашмгир пайдо кардаанд ва аҳли илм бар он назаранд, ки ду бахши мазкур дар оянда барои кашфиёти тоза ва дарёфти маҳсулоти навин хидмати муҳим хоҳанд кард. Биокимиё (биохимия) илм дар бораи таркиби кимиёвии Замин ва дигар сайёраҳо, қонунмандиҳои густаришу гардиши унсурҳо дар муҳити гуногуни геологӣ, ҳамчунин, раванди ташаккули ҷинсҳои кўҳӣ ва обҳо мебошад. Геокимиё бо геология, география, физика, биология ва албатта, бо химия робитаи устувор дошта, дар навбати худ ба соҳаҳои гуногун ҷудо мешавад: биогеокимиё, гидрогеокимиё, газогеокимиё, радиокимиё…Дар ҷустуҷўи сарватҳои табиӣ аз усулҳои геокимиёӣ фаровон истифода мешавад. Барои таҳияи нақшаи дурнамои конҳо ва истифодаи онҳо корбасти усулҳои геокимиёвӣ муҳим мебошад. Кишвари мо аз ҷиҳати мавҷудияти минералҳои гуногун ва сангҳои арзишманд дар олам машҳур аст. Барои дарёфту  истифодаи ин сарватҳои табиӣ шохаи муҳими илми химия – геокимиё василаи хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Аз ин ҷост, ки олимони тоҷик солҳои охир ба пажуҳиш дар соҳаи геокимиё ҳар чи бештар машғул мегарданд. Яъне ояндаи ин бахши химия дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо хеле барҷаста хоҳад буд.

Бахши дигари химия биогеокимиё ном гирифтааст, ки пеш аз ҳама, бо геокимиё иртиботманд мебошад. Ин бахш амалиёти геокимиёвии дар биосфера бо ширкати организмҳо рухдодаро меомўзад. Биогеокимиё кулли организмҳоро чун моддаи зинда мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Моддаҳои зинда дар рўи Замин ба тариқи нобаробар тақсим шудаанд. Ба таркиби моддаи зинда ҳамаи унсурҳои кимиёвӣ ва изотопҳои онҳо дохил мешаванд…

Дар равандҳои биогео-кимиявӣ одам низ мақоми махсус дорад. Ҳар сол аз қаъри замин ба сари ҳар як инсон даҳҳо тан ҷинси кўҳӣ истеҳсол карда мешавад. Одам ба таркиби кимиёвӣ ва изотопии атмосфера, биосфера ва қишри замин таъсир мерасонад. Ин ҳама рухдодҳо  мавриди омўзишу баррасии шохаи биогеокимиёи илми химия қарор мегиранд.

Умуман, дар тўли даҳсолаҳои охир химия (ва шохаҳои он) бо такомулу пешрафти бесобиқааш оламиёнро ба ҳайрат овардааст.

 

Гулракат  Ғуломова,

омўзгори химия,

ноҳияи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш