Нашрияи Омӯзгор

Таълими физика ва робитаи фанҳо

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 142        Шарҳ: 0

 

Таълими бонизоми физика аз синфи 7 оғоз мешавад, вале аввалин тасаввуроти физикӣ дар  кўдакон ҳанўз дар синни томактабии онҳо ташаккул меёбад. Хонандагон дар кўдакӣ дар бораи  ҳарорат, барқ, суръат, қувваи энергия, радио ва ғайра бисёр чизҳоро мешунаванд.

Ман дар дарсҳои физика ҳамаи ин тасаввурот ва дониши кўдаконро аз фанҳои химия, ҷуғрофия, биология, тарбияи ҷисмонӣ, таълими меҳнат ба ҳисоб гирифта, ба малакаю маҳорате, ки онҳо доир ба ин фанҳо ҳосил кардаанд, такя менамоям.

Маҳз ҳамин дониши хонандагонро дар ҷараёни омўзиши пай дар пайи курси физика ба эътибор гирифта, мекўшам, ки хонандагон дониши аз дигар дарсҳо гирифтаашонро ба ёд оранд, то ки омўхтани мавзуъҳои физика дар заминаи он донишҳо осон ва фаҳмо гардад.

«Суръати ҳаракати моле-кулаҳо», «Хосияти металҳо», «Фишори металҳо», «Фишори атмосфера», «Гармигузаронии моддаҳо», «Мувозинати ҷисмҳо», «Чен кардани ҳарорат», «Буғҳои сер», «Намнокии ҳаво», «Суръат», «Ҳаракати мунтазам», «Нисбияти ҳаракат», «Рўшноӣ …» дар вақти гузаштани ин ва дигар мавзуъҳо ман бо фанҳои дахлдор дарсро алоқаманд менамоям, то ки хонанда дарси имрўзаро дуруст дарк карда тавонад.

Масалан, аз донишҳое, ки  хонандагон аз адабиёт гирифтанд, истифода мекунам, зеро адабиёти бадеӣ ва илм байни худ алоқаи зич доранд, ҳар ду воситаи дарёфти асоси олам, маърифати ҳастӣ, шинохти ҳастӣ, шинохти инсон ва дарёфти қонунҳои табиату ҷамъият мебошанд.

Истифодаи зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ дар дарси физика маърифат, нутқи тарбиявӣ ва дониши эстетикии  хонандагонро ғанӣ мегардонад.

Ин ҷо аз таҷрибаи худ оид ба истифодаи мақолҳои тоҷикӣ дар дарсҳои физика ба тариқи мухтасар тавзеҳ меорам. Таҷрибаҳои чандинсола исбот кард, ки истифодаи зарбулмасал ва мақоли халқӣ равиши дарсро аҷибтар ва самараи онро зиёд мегардонад. Масалан, дар синфи 7 ҳангоми омўзиши мавзуи «Ҷозибаи байниҳамдигарии молекулаҳо», истифодаи мақоли «Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст»-ро мувофиқи мақсад меҳисобем. Ман ин мақолро аз нуқтаи назари физикӣ фаҳмонида, ба хонандагон таъкид менамоям, ки ба ҳамаи ашё дар мактаб ва хонаи худ бо эҳтиёт муносибат кунед. Ҳангоми омўзонидани мавзуи «Фишор» дар синфи 7 ёдрас шудани мақоли «Сўзанро ба худат халону дарафшро ба дигарон» аз аҳамият холӣ нест. Ин  мақол ҷиҳатҳои тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Ҷанбаи тарбиявии мақол ҳамин аст, ки  агар ба худат заррае бадӣ нахоҳӣ, онро  ба дигарон низ раво надор. Вале мазмуни физикии он  дигар аст. дар асл таъсири қувва ба масоҳати сатҳи ҷисм вобаста аст. Азбаски сатҳи такягоҳи сўзан назар ба дарафш зудтар дохил мешавад, дарди зиёдро ба вуҷуд намеорад. «Бори каҷ ба манзил намерасад», «Хишти аввал чун ниҳад  меъмори каҷ» хеле ба маврид буда, диққати хонандагонро ба мавзуъҳои таълимӣ ҳангоми тавзеҳи мавзуи «Ҷўшиш» истифодаи ҳикмати зерин  ба маврид мебошад:

Каси доно бувад пайваста хомўш,

Ки деги пухта камтар мезанад ҷўш.

Байт асоси илмӣ ва ахлоқӣ дошта, дар он мушоҳидаи ҳаёти мардум акс ёфтааст. Дар ҳақиқат, оби дег пеш аз ҷўшидан садои баланд дорад, чунки ҳубобчаҳои дохили об ба рўи об нарасида, мекафанд ва ҳангоми пош додани молекулаҳои қабати об садои таркиш ба амал меоранд, бинобар он, аз сабаби баланд шудани ҳарорат фишори буғҳои моеъ зиёд мегардад ва ҳубобчаҳо калон – калон мешаванд. Дар зери қувваи теладиҳанда ҳубобчаҳо ба боло шино карда мебароянд. Азбаски ҳарорати болои қабати моеъ пас аст, конденсатсия бухоршавии  ҳубобчаҳо ба амал меояд. Фишор якбора паст шуда, ҳубобчаҳо  мекафанд. Ин ҳолат чунон тез мегузарад, ки девори ҳубобчаҳо ба  ҳамдигар бархўрда таркиш ба амал меояд.

Маҷмуи чунин таркишҳо сабабгори ғулғулаи махсус мегардад. Ҳамин ки моеъ ба қадри кофӣ гарм шуд, ҳубобчаҳо накафида, ба сатҳи моеъ бармеоянд. Моеъ ба ҷўшидан сар мекунад, вале пеш аз он ғулғулааш хомўш мегардад.

Дар дарсҳои математика хонандагон ба ченакҳои вақт, масъалаҳои оид ба ҳисобкунии суръати ҳаракати ҷисм, истифодабарии вобастагии байни масофа, суръат ва вақт, ҳаракат, ёфтани миёнаи арифметикӣ шинос мешаванд. Дар синфҳои болоӣ бисёр қонунҳои физикӣ бо формулаҳои математикӣ, чун қонуни озодафтии ҷисм, қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ ифода меёбанд.

Яке аз воситаҳои фаъол гардонидани тафаккури хонандагон дар дарсҳо истифодабарии таҷрибаи ҳаётии (меҳнатии)  онҳо ба ҳисоб меравад. Хонандагон ҳангоми машғулиятҳои амалӣ дар устохонаи таълимӣ маълумоти зиёдро доир ба ҷисмҳо, хосияти онҳо, қонуниятҳои физикӣ… фаҳмида мегиранд. Маълумоти дар соҳаи меҳнат ва истеҳсол бадастовардаро барои тартиб додани масъалаҳо истифода бурдан мумкин аст. Ин гуна масъалаҳо нисбатан фаҳмо мешаванд. Онҳо мавқеи хонандагонро зиёд мекунанд, барои татбиқи васеи донишҳои дар устохона – дар дарсҳои физика гирифтаи онҳо имкон фароҳам меоранд. Дар ҷараёни таълими физика омўзгор бояд  нафақат донишҳои математикӣ, биология, химия ва ғайра доштаи хонандагонро ба назар гирад, балки натиҷаи фаъолияти онҳоро дар дарсҳои варзиш, истифодабарии олоту асбобҳои гуногуни варзишӣ низ моҳирона корбаст намояд. Хонанда ҳангоми давидан пас аз гузаштан аз хатти марра худро якбора дошта наметавонад. Ҳангоми омўзиши намудҳои мувозинаи ҷисмҳо ҳолати варзишгари дар  болои чўби кўндаланг гузошташуда ба дастҳо рост истоданро дида, ба масоҳати такягоҳ вобаста будани устувории мувозинатро ҳамчун мисоли татбиқи механизмҳои сода шарҳ медиҳам. Хулоса, робитаи байни фанҳои адабиёт, физика, математика, тарбияи ҷисмонӣ, таълими меҳнат имкон медиҳад, ки мо дар тасаввуроти хонандагон то  чӣ андоза пурзўр, ҳақиқӣ ва илмию эҷодӣ будани  фанҳои таълимиро нишон диҳем. Робитаи байни фанҳо сатҳи донишҳои сиёсӣ, ахлоқию эстетикӣ ва маънавии хонандагонро аз бисёр ҷиҳат инкишоф медихад. Агар корҳои беруназсинфӣ дар алоқамандии якчанд фан ва робитаи муаллимон гузаранд, боз ҳам ба мақсад мувофиқтар ва пурмаҳсултар мегардад.

Абдулҳамид ИСМОИЛОВ,

омўзгори физикаи МТМУ №13-и шаҳри  Ваҳдат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш