Нашрияи Омӯзгор

Маркази миллии тестӣ ва…

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

Таъсиси  Маркази миллии тестӣ, ки соли 2014 дар партави ислоҳоти соҳаи маориф ба амал бароварда шуд, дурахшонтарин тадбир, аз ҷумла, дар самти  интихоби касб ба шумор меравад. Аз ҳисоби омори 8 – солаи ин марказ бармеояд, ки довталабӣ ба кластери 5-ум (фанҳои табиӣ) ба хотири табиб (духтур) шудан дар қиёс ба чор кластери дигар бисёртар аст. Дар зарфи 8 сол шиддати афзоиши довталабон ба касби табибӣ дар ягон сол паст нафаромад, баръакс зиёд шуд ва  ба гумони ғолиб дар солҳои оянда низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Инак, саволҳои зерин, ба назари мо, бояд масъулин ва алоқамандони соҳаи маориф ва низ вазорати меҳнатро ба андеша водорад.

1.    Оё масъалаи интихоби касб дар мактаб ва оила бунёди илмӣ дорад?

2.    Ба як касб рў овардани  аксари насли наврас ба мувозинаи тарозуи меҳнат дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар оянда таъсиргузор намегардад?

3.    Чаро дар бозори меҳнати ҷаҳон, бахусус, дар Россия ба духтурони тоҷик тавваҷуҳ бештар аст?

Саволҳои мазкур моро ба навиштани ин мақола ҳидоят карданд. Ҳар кор, амал ва тадбире, ки бунёди илмӣ дорад, манфиатовару ояндасоз хоҳад буд, бахусус, дар интихоби касб. Интихоби касб дар мактаб бояд дар зери назорати роҳбари синф қарор дошта бошад; пур кардани анкета доир ба интихоби касб, бо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни меҳнат ташкил кардани вохўриҳо, ташкили саёҳат (экскурсия) ба корхонаю муассисаҳои мухталиф ва омўзиши тарҷимаи ҳоли бузургон барои интихоби касб ба насли наврас таъсиргузор мегардад. Тамоми касбҳо тарафҳои шавқовар ва низ тарафҳои мушкил доранд, аммо шахсияти кас бо тарафҳои мусбату манфии касб ташаккул меёбад, шарафу ифтихор ва иродаи оҳанин дар касб зоҳир мегардад. Яъне дар олам тамоми касбу ҳунарҳо беҳтаринанд ва касби табиб (духтурӣ) яке аз онҳост.

Ба наздикӣ бонуи тоҷик Сурайё Абдуллоева (хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) бо фармони Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин бо ордени «Пирогов» сарфароз гардонида шуд. Ин қадрдонӣ боиси ифтихори ҳар  як нафар тоҷик низ хоҳад буд, зеро мо меросбарони Ибни Сино мебошем.

Аз ин рў, омўзиши зиндагиномаи Ибни Сино ва муносибати ў ба таҳсил барои он нафароне, ки касби табибиро интихоб менамоянд, аз аҳамият холӣ нест.

Абуалӣ ибни Сино дар 16 – солагӣ ба омўзиши амиқи илми тиб машғул шуд, ҷамъи китобҳои дар ин илм навишташударо мутолиа карда, табиби шуҳратёр гардид ва  ба муолиҷаи беморон пардохт. Алломаи бузург дар ёддоштҳои худ навиштааст: «Илми тиб аз донишҳои душвор нест. Аз ин ҷиҳат дар камтарин фурсат сирри онро донистам ва табибони донишманд дар назди ман ба омўхтани илми тиб машғул шуданд».

Ҷолиб он аст, ки Ибни Сино илми тибро илми душвор намеҳисобад ва онро дар камтарин фурсат аз бар кардааст. Осонии азбаркунии илми тиб барои Ибни Сино, аз як тараф, ақли расо ва зеҳни буррои ў бошад, аз тарафи дигар, қабл аз оғози омўзиши илми тиб таҷриба ва таҳкурсии 10-солаи омўзиши илмҳои адаб (қироат, луғат, сарф, наҳв, арўз, қофия, маонӣ, баёну бадеъ, фасоҳат, балоғат, иншо) ва ҳикмат (мантиқ ва ё фаросатшиносӣ) сабаб гардид.

Акнун таҷрибаи нодири Абуалӣ ибни Сино бояд мавриди таваҷҷуҳи хонандагону омўзгорон ва мактабшиносон (аҳли маориф) қарор бигирад, зеро имрўзҳо дар баъзе маврид дар ҷараёни таҳсил тамоюли номатлубе расм шудааст, ки хонандагон танҳо ба хотири интихоби касб ва ё ба хотири медали олимпиадаҳо ба омўзиши ду – се фан камар баста, дигар фанҳо дар канор мемонанд. Падару модарон, омўзгорону роҳбарони таълимгоҳҳо низ ба ин амали онҳо мусоидат менамоянд. Ҳол он ки тамоми фанҳое, ки дар мактаб таълим дода мешаванд, ба мисли ҳалқаҳои як занҷир ба ҳамдигар пайвастанд. Масалан, тафсири калима ва ё ислоҳеро надониста, моҳияти масъалаҳои химияро дарк кардан осон нест ва ё математикаро надониста, масъалаи химиявиро ҳал кардан имкон надорад.

Истиқлоли давлатӣ барои аҳли таълиму тарбия ва хонандагон имкониятҳоро фаровон фароҳам овард. Вақти он расидааст, ки барои мактаббачагони тоҷик оид ба илмҳои баёну бадеъ, балоғат, фасоҳат, арўз, қофия ва мантиқ китобу дастурҳои саҳеҳу фаҳмрас ҳамчун адабиёти иловагӣ нависем.

Зуфнуни АМИРАЛӢ,

омўзгори мактаби №137-и ноҳияи Рўдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш