Нашрияи Омӯзгор

Таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ идома дорад

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода  иттилоъ дод, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия  азнавсозии 21 муассисаи таълимӣ (солҳои 2018-2021) пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№9 ва 20, сохтмони муассисаи таълимии №35 дар деҳаи Дебдор, сохтмони бинои хобгоҳ барои 450 нафар ва бинои литсейи касбӣ-техникӣ дар маркази ноҳия бо вусъат идома дорад. Соли ҷорӣ азнавсозии муассисаи таълимии №13-и деҳаи Дулонамайдон, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №19-и деҳаи Пештова  пешбинӣ гардидааст. Корҳои лоиҳакашӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 4,5 ва 34, ҷараён доранд. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 183 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби АВО 31 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Мушкилоти дигари соҳаи маориф асосан нарасидани 1000 ҷойи нишаст, надоштани толорҳои варзишӣ ва сатҳи пасти азхудкунии дониш мебошад.

 

Шариф  АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш