Нашрияи Омӯзгор

«Биё, ки фолат бинам»

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 116        Шарҳ: 0

 

 

Ҳаҷв аз навъҳои маъмули адабӣ буда, тавассути он мо аз камбудиву норасоиҳои хеш ва ҷомеа огаҳ гардида, ба  ислоҳи онҳо мепардозем. Дар адабиёти классикии тоҷику форс машҳуртарин адибони ҳаҷвнигор Абдураҳмони Мушфиқӣ, Убайди Зоконӣ, Маҷди Хофӣ ва чанде дигар эътироф гардидаанд. Дар адабиёти муосири тоҷик низ ин навъи адабӣ дар шакли назму наср  инкишоф ёфта, нисбатан мазмуни нав пайдо кард. Имрўз ҳаҷви иҷтимоӣ бештар рушд дорад ва дар ислоҳи камбудии ҳамарўзаи мо роҳбалад аст.  Адибони даврони истиқлол Адаш Истад, Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ, Имомназари Холназар, Наҷмиддини Шоҳинбод, Бахтиёри Ҷумъа, Абдурауф Муродӣ ва боз чанд нафари дигарро метавон ном бурд, ки тавассути иншои ҳаҷву мутоибаи хеш дастболоянд.

Ба қарибӣ матбааи «Паёми ошно» маҷмуаи ҳаҷвии рўзноманигори шинохта Холиқназар Ҷумъазодаро бо номи «Биё, ки фолат бинам» аз чоп баровард. Он як идда латифаҳо ва хотироти ҳаҷвиеро дар бар гирифтааст, ки аз зиндагии воқеӣ, саргузаштҳои муаллиф ва суҳбатҳо бо мардум  гирд оварда шудааст.

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш