Маълум, ки хонандагони мактаб бояд ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмони тавоно бошанд. Барои он ки насли нав ҳарҷониба ташаккул ёбад, ҳамаи соҳаҳои тарбияро якмаром пеш бурдан лозим аст. Агар ба яке аз рукнҳои тарбия таваҷҷуҳ коҳиш ёбад, он гоҳ тарбия комил намешавад. Масалан, агар шахс аз ҷиҳати маънавӣ хуб камол ёбаду аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим набошад, тарбияи ў яктарафа сурат мегирад. Ё худ, агар тарбияи меҳнатии хонандагон хуб ба роҳ монда шаваду тарбияи экологии онҳо сарфи назар гардад, чунин тарбия иатиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Дар мавриди тарбияи ҷисмонӣ ҳам, агар танҳо ба варзиш, инкишофи саломатӣ диққат диҳему шогирдонро аз арзишҳои маънавӣ дур дорем, ҷавонон ҷисман боқувват, вале рўҳан нокомил ба воя мерасанд. Бинобар он, ба тарбияи ҷисмонӣ бояд эътибор дод, лек дар айни замон тарбияи ахлоқиро низ фаромўш набояд кард. Тамоми ҷидду ҷаҳдро ба он равона бояд сохт, ки насли наврас ҳам аз лиҳози саломатӣ солим бошад, ҳам бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ороста. Яъне ҳангоми тарбияи ҷисмони шогирдон ба ҷанбаи маънавии тарбияи онҳо низ эътибори махсус бояд дод. Одатан дар мактабҳои мо тарбияи ҷисмонӣ аз доираи 4—5 машқи муқаррарӣ берун намеравад. Ба ғайр аз машқҳои маъмулӣ, ки ҳар як омўзгор медонад, барои тарбияи ҷисмонии шогирдон ба се навъи дигари варзиш: шиноварӣ, кўҳнавардӣ ва гўштини миллӣ диққати махсус додан лозим аст. Ин намудҳои варзиш барои чобуку ҳушёру далер ба камол расидани бачаҳо мадади калон мерасонанд. Шиноварию кўҳнавардӣ шогирдонро солиму зебо нигоҳ медорад ва ҳам онҳоро бо табиат мепайванданд. Хонандагон дар вақти шиноварӣ ҳам бадани хешро обу тоб медиҳанд, ҳам дар бораи дарёҳо, сарчашмаи онҳо, мавқеи оби тоза дар рўзгори инсон тасаввурот ҳосил мекунанд, ба қадри об мерасанд. Дар мавриди кўҳнавардӣ низ ҳамин ҳадафро пеш гузоштан лозим аст. Гоҳи баромадан ба кўҳ, ки ҷисми хонандагон пурра ба ҳаракат меояд, муаллим метавонад дар бораи кўҳу дараю теғаю шахҳо, насими тозаи кўҳсор, ҳар гуна гиёҳу рустаниҳои шифобахш маълумот диҳад. Яъне дар ин маврид ҳам тарбияи ҷисмонӣ сурат мегирад ва ҳам тарбияи экологӣ.
Ба ин қисми ҳамкорӣ аз рўи саломатӣ, оила, ҳимояи табиат, саёҳатҳо, машғулиятҳои ҷисмонӣ, варзиш, тарбияи ҷинсӣ, экологӣ, беҳдошт, зарари майпарастию нашъамандӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Барои ҳалли ин масъалаҳо аз ҷониби олимони педагог чунин чорабиниҳо тавсия карда шудаанд.
-ташкил ва риоя намудани тартиби рўз;
— чорабиниҳо барои обутоб додани бадан;
— ташаккулу такмили малакаву маҳорат: инкишоф додани тавонон, суръатнокӣ, пуртоқатӣ, чобукӣ, чусту чолокӣ;
— ба вуҷуд овардани одат ва шавқу ҳавас барон мунтазам машғул шудан ба варзиш;
— ташкили сайёҳӣ;
— истифодаи шуои офтоб, об ҳаво;
— гузаронидани шаклҳои гуногуни варзиш (дарсҳо, машқи пагоҳирўзӣ ва пешаздарсӣ, дақиқаҳои варзиш, бозиҳо, машғулиятҳо, мусобиқа ва идҳои варзишӣ, корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб, маҳфилҳо, рўзҳои саломатӣ, масъалаҳои роҳбарӣ ба варзиш, корҳои тобистонаи тандурустӣ, қабули меъёрҳои варзиш ва тартиб додани нақшаҳо, кори шўрои варзиш ва аъзои он, ба тартиб даровардани майдонҳо вапойгоҳҳои варзишӣ, ташкили машғулиятҳо бо гурўҳҳои махсуси тиббӣ;
— фаҳмондани аҳамияти варзиш барои саломатӣ;
— ташкили бозиҳои ҳарбӣ;
— аз худ кардани сурудҳои ҳарбӣ;
баргузории дарси мардонагӣ бо иштироки аскарон ва собиқадорони ҷангу меҳнат...
Кимхо Тағоймуродова,
омўзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №36-и ноҳияи Рўдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр