Нашрияи Омӯзгор

Ду ҳадафи тавъам

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 95        Шарҳ: 0

 

Тавре маълум  аст, дарс ду ҷанба – ҷанбаи  таълимӣ ва тарбиявӣ дорад. Ҷанбаи  таълимӣ  марбут  аст ба баёни   мавзуи  нави  дарсӣ, роҳу шеваи  тавзеҳу тафсири  он ва иҷрои  қисматҳои  дигари машғулият. Ҷанбаи  тарбиявӣ бошад, ҷиҳатҳои  ахлоқии  дарсро, ки  аз муҳтавои   мавзуъ бармеояд, дар бар мегирад. Дар синфҳои ибтидоӣ масъалаи тарбияи  хонандагон дар рўҳияи  эҳсоси  волои  ватандўстӣ, худшиносӣ, ифтихор аз таърихи пуршарафамон ва амсоли  инҳо ҷойгоҳи  бузурге дошта, ҳангоми  гузаштани  машғулиятҳои  забони  модарӣ ба хусус, ин омил аҳамияти  калон дорад. Ҳангоме ки  дар бораи  қаҳрамонони   гузаштаи  халқи  тоҷик сухан меравад, ба шогирдон таъкид мекунем, ки  бояд ба мисли  онҳо ҳамеша далеру ҷасур ва дар ҳифзи  марзу буми  ватан омада буд. Ё ин ки,  вобаста ба мавзуи  меҳри  ватан ба шогирдон талқин кардан аз  фоида холӣ нест, ки  ватани  азизи худ – Тоҷикистонро дўст доранд, зеро баъд аз  ҳазор сол офтоби  бахти  миллати  тоҷик хандиду онҳо соҳиби  давлати  соҳибистиқлол гардиданд. Аз ҷумла, дар хусуси  хислатҳои  писандида, чун ростию росткорӣ ва ростқавлӣ , дурӣ ҷўстан аз дурўғу фиреб метавон батафсил ҳарф заду мисолҳои  ибратбахш овард. Зеро инсон  танҳо ба василаи  ростқавлию росткорӣ  метавонад дар байни  аҳли  ҷомеа соҳиби  обрўю манзалати  баланд гардад.

Маълум  аст, ки  дар синфҳои  ибтидоӣ  бештар жанри  хурди  бадеӣ, аз қабили  ҳикоя, очерк, шеъру тарона, афсона, чистону зарбулмасал, масалу тезгўякҳо омўзонда мешаванд.

Ҳангоми  хондани асарҳои бадеӣ бештар ба масъалаҳои  зерин аҳамият додан зарур аст:

1.    Порчаҳои  бадеӣ. Ҳар як асари  хурди  бадеӣ ё порчаи  адабӣ, ки  дорои  мазмуни  муайян аст, аз се қисм таркиб меёбад:

а) қисми  аввал (муқаддима), б) қисми асосӣ (мазмуни воқеа), в) қисми  охир (хотима).

Дар қисми  аввал иштирокдорони  воқеа муаррифӣ мешаванд ва он барои  фаҳмидани  маъно муҳим  аст. Қисми  асосии воқеаро мазмуни  он ташкил медиҳад. Дар мазмун саргузашти  касе ё чизе тасвир меёбад. Фикри асосӣ бе фаҳмидани  мазмуни  асар аз худ карда намешавад. Ба таъкиди  мактабшиносон М.Лутфуллозода, И.Абдуллозода, дар вақти  баёни  мавзуи  нав ба аҳамияти  тарбиявии матн таваҷҷуҳи  асосиро равона бояд кард. Аз рўйи  мазмуни  воқеа омўзгор  ба хонандагон муроҷиат мекунад:

- Чаро шумо ин тавр фикр мекунед?

- Дар ин кор кӣ  гунаҳкор аст?

- Рафтори  кадоме аз иштироккунанда ба шумо маъқул аст? Чаро?

- Кирдори кадоми  онҳо ба шумо маъқул нест? Барои  чӣ?

- Агар шумо ба ҷойи   ў мешудед, чӣ  кор мекардед?

Умуман, нақши  омўзгор дар тарбияи насли  наврас бузург аст. Аз ин рў, дар таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои  таълимӣ  набояд саҳлангор бошем, зеро ояндаи  Тоҷикистони  азизамон ба насли  солиму бунёдкор вобастагии  амиқ дорад.

Мунира НЕЪМАТХОНОВА,

омўзгори  синфҳои  ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш