Нашрияи Омӯзгор

Насли хушбахти замонем!

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 118        Шарҳ: 0

 

Аз кўчаҳои сарсабзу гулпўши пойтахти азиз мегузараму модареро ҳамроҳи фарзандаш мебинам, ки бо чеҳраҳои хандону шукуфон қадам мезананд ва ба ҳар ҷода бо ҳайрат менигаранду бо даст ишора доранд...

 Аз ин мушоҳида ҳар одами рамузфаҳм яқин хоҳад кард; фарзанд аз модар мепурсад, ки ин бинои зебои баландошёна чӣ биноест, ё ин боғи гулпўшу сабздоман чи номе дорад...

 Дар воқеъ, Душанбеи мо имрўз бо ибтикороти ҳамарўзаи шаҳрдорӣ хеле зебову рангин шуда, ба як шаҳри пешрафтаи муосир бадал ёфтааст. Хурду калон аз ин ҳама хушҳолу хурсанданд ва ба масъулону бунёдкорони ин ҳама бунёдкориҳо аҳсану офарин мехонанд...

 Чанд соли пешро ба назар меоварам, ки Душанбе агарчанде сарсабзу хуррам ҳам буд, вале барои кўдакон ҷойҳои бозӣ ва истироҳат, машқу тамрин камтар дошт. Имрўз дар гирду атрофи ҳама хонаҳо дар баробари нишастгоҳҳову майдончаҳои сайругашт толорҳои ба қавле, «болокушода» дар ихтиёри кўдакону наврасон аст, ки метавонанд ҳамроҳи ҳамсолонашон ва падару модарашон ба машқу бозиҳои гуногун машғул шаванд. Боғҳои зиёди гулафшону сарсабз дар ихтиёри ҳамагонанд.

 Боғчаҳои бачагон ва кўдакистон ҳам дар даврони Шўравӣ ва солҳои аввали истиқлол дар Душанбеи азиз ба теъдоди нокорӣ буданд, вале имрўз шумораи кофии муассисаҳои томактабӣ бо тамоми шароитҳои ҳозиразамон барои кўдакон бунёд шудаанд.

 Ҳукумати пойтахт дар баробари ободкориҳову созандагиҳои зиёд дар пойтахт, ба насли ояндасози миллат пайваста ғамхорӣ мекунад. Мо падару модарон аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти имрўзаи пойтахт хушнуду болидарўҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари диққати ҳамарўза додан ба тамоми қишрҳои ҷомеа, инчунин, ба кўдакистону боғчаҳои бачагона таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунанд.

 Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имкон дод, ки дар баробари муассисаҳои таълимӣ падару модарон низ барои таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ ҳис карда, барои аз кўдакӣ дар рўҳияи маърифатпарварӣ ба камол расидани фарзандон ҳиссагузорӣ намоянд. Мо - мураббияҳои кўдакистон ҳам, дар баробари дигар сокинони мамлакат аз қабули ин қонун хеле рўҳбаланд гардида, фаъолияти худро такмил бахшидем. Кўдакони хушбахти имрўз ояндасозони зиндагии моянду муҳофизону нигаҳдорандаи истиқлолу ободии Ватан.

 Истиқлоли Ватан на танҳо барои миллати мо хушбахтиву озодӣ овард, инчунин, зиндагиву рўзгори хурду бузургро билкул ба таври мусбӣ тағйир дод, яъне рўзгори мардуми мо осудатар ва беҳтар гардид. Ин аст, ки мо низ шукргузорӣ аз даврон карда, ҳамроҳ дар ҳамовозӣ бо кўдакон мегўем: мо насли хушбахти замонем.

 

Шарифамо МАҶИДОВА,

мураббияи кўдакистони

№130-и ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш