Нашрияи Омӯзгор

Кафолати ояндаи дурахшон

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа дар Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаҳои мусоид муҳайё гардид. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра мулоқоти роҳбари давлат, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъоли кишвар 17-уми марти соли 1994 баргузор гардид. Дарвоқеъ, ғамхор, парастор ва пуштибон будани Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон пас аз ин вохўрӣ комилан эҳсос гардид. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки кишвари мо дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рўҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд. Ба душвориҳои ибтидои замони соҳибистиқлолӣ нигоҳ накарда, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия дар кишвар, ихтисосманд, соҳибкасбу ҳунарманд гаштани насли ҷавон ва мавқеи хоса пайдо намудани наврасону ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.  Бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 квотаи Президентӣ ҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот буд. Инчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт. Дар баробари ин, 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рўз ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсили мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 - юми августи соли 2008, №502 ба тавсиб расидааст. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Тавре маълум аст, чанд сол қабл Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд, ки барои тарбияи кадрҳои ояндасозу донишманд саҳми муносиб гузошта истодааст. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омўхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Дилноза Саидова,

хонандаи синфи 11-и МТМУ №30-и ноҳияи Муъминобод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш