Тундгароии динӣ дар кишвари мо ҳанўз дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта, баъди амалӣ гардидани сиёсати “бозсозӣ”-и собиқ раҳбарияти Иттиҳоди Шўравӣ замина гузошт. Маълум аст, ки дар замони Иттиҳоди Шўравӣ фаъолияти гурўҳҳои рўҳонӣ сахт назорат мешуд. Бо заиф гардидани ин гуна сиёсат ва додани озодиҳо дар масъалаҳои миллию динӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ дар соли 1985, ҷомеаи Тоҷикистон якбора дигаргун шуд. Мутаассифона, аксарияти мардум худшиносии миллиро маҳз дар афзоиш додани диндорӣ фаҳмиданд ва тадриҷан сатҳи таассубу хурофоти динӣ боло рафтан гирифт.
Барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва фалаҷ гардидани сохторҳои давлатӣ барои фаъолияти созмону гурўҳҳои мутаассиби динӣ шароити созгор ба миён овард. Фаъолияти эмиссарҳои исломӣ дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфт. Неруҳои хориҷии муайяни исломӣ мақсад доштанд, ки равияҳои гуногуни исломро дар байни аҳолӣ таблиғ намоянд. Эмиссарҳои хориҷӣ, ки дастгирии хуби молиявӣ доштанд, таври муташаккилона ба таблиғ ва ба фаъолияти оид ба ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба мазҳабҳо ва ҷараёнҳои динӣ машғул шуданд. Дар он замон бо сабаби гирифтори буҳрони амиқи ҳамаҷониба Ҳукумати Тоҷикистон имконият ва иқтидори назорати амалҳои фаъолонаи исломиҳоро надошт, ки оқибати он ҳолат сар задани ҷанги дохилӣ буд.
ТТЭ ҲНИ, ки дар охири замони Шўравӣ пинҳонӣ фаъолият дошт, ба амалҳо ва таблиғоти ошкоро дар байни аҳолӣ шуруъ кард. Доираҳои манфиатдори мазҳабӣ ва созмонҳои динии радикалии хориҷӣ низ аз чунин фурсат истифода карданд ва бо раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва рўҳонияти мутаассиб робита барқарор карда, фаъолияти таблиғотии худро дар Тоҷикистон ба роҳ монданд. Авҷ гирифтани таассуб ва тундгароии динӣ дар солҳои навадуми асри гузашта боиси сар задани ҷанги дохилӣ гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори он ба ҳама маълуманд. Яъне мо шоҳиди он гардидем, ки чӣ тавр дар як муддати кўтоҳ болоравии диндорӣ ва таассуби мазҳабӣ ба тундгароӣ табдил ёфт, ки натиҷааш терроризм ва ҷанги дохилӣ буд.
Марҳилаи дигари болоравии тундгароии динӣ баъд аз барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон шуруъ гардидааст. Тоҷикистон баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ давраи пас аз муноқишавиро аз сар гузаронд, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар ҳолати қашшоқӣ қарор гирифтани бештари сокинони кишвар марбут аст. Дар баробари ин сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардум ва хусусан ҷавонон коста гардида, кишвари мо ба буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ шуд. Сатҳи ҷинояткорӣ боло рафта, дар кишвар бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ афзоиш меёфт. Табиист, ки дар ин гуна вазъият сатҳи диндории аҳолӣ боло меравад. Зеро аксарияти аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонон дар пешорўи нобаробариҳои зиндагӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ноилоҷ мемонанд ва рўй ба дину мазҳаб меоранд. Чунин вазъият барои фаъолияти неруҳои ифротӣ мусоид аст. Масъулони ташкилотҳои ифротии динӣ бо истифода аз ин ҳолат, таблиғоти худро вусъат бахшида, як қисми осебпазири аҳолӣ, хусусан, ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд ва зери таъсир қарор медиҳанд, ки дар натиҷа дар ҷомеа тундгароӣ афзоиш меёбад. Раванди мазкур гарчанде ки коҳиш ёфтааст, аммо то ҳанўз дар кишварамон идома дорад.
Яке аз омилҳои асоси пайдоиши тундгароӣ, таҳсили наврасону ҷавонон дар таълимгоҳҳои ғайрирасмӣ ва пинҳонии динӣ мебошад. Тавассути муллоҳои иртиҷоии мутаассиб гирифтани таълими динии нодуруст, ҷавонон ба осонӣ ба шахси тундгаро мубаддал мегарданд.
Таҳсили ҷавонони тоҷик дар таълимгоҳҳои динии хориҷӣ омили дигари асосии пайдоиш ва ривоҷи тундгароӣ мебошад. Дар замони истиқлол шумораи зиёди ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои арабӣ, Эрон, Афғонистону Покистон таҳсил карда, зери таъсири мазҳабҳои дигар, равия ва ҷараёнҳои хатарноки мазҳабӣ қарор гирифтаанд. Баъди бозгашт ба Ватан хатмкардаҳои таълимгоҳҳои динии хориҷӣ дар Тоҷикистон ақидаҳои радикалии барои ҷомеаи мо бегонаро таблиғ менамоянд. Дар натиҷаи чунин фаъолият дар кишвар тундгароӣ афзоиш меёбад. Аз ин рў, рафтани ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа бо роҳҳои ғайрирасмӣ хатари зиёд дорад.
Рўҳониҳои мутаассиб ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар зеҳни ҷавонон ҳиссиёти эътирозро бар зидди сохтори мавҷудаи ҷомеа ва давлат таҳрик диҳанд. Ҳамин тавр, рўҳияи эътирозии ҷавонон ифодаи худро, аз ҷумла, дар шакли исломгароии тундгароёна («исломи сиёсӣ») меёбад. Як қисми чунин нафарон имконияти ба амал омадани дигаргуниҳоро дар кишвар дар воридсозии шариат ба сифати асосҳои қонунгузорӣ ё барқарорсозии халифат ҳамчун шакли сохти давлатӣ мебинанд. Чунин тасаввурот ҳам бо таъсири «омили беруна» ва ҳам дар натиҷаи шароит ва сабабҳои дохилӣ рух медиҳанд.
Барои паҳн кардани ақидаҳои тундгароёна ташкилотҳои хориҷии исломии ифротӣ воситаҳои муосири муоширати оммавӣ, аз ҷумла, Интернетро ҳамчун воситаи асосӣ ва ҷолиб васеъ истифода мебаранд. Аз хориҷа ба Тоҷикистон дар ҳаҷми калон адабиёт, маводи аудиоӣ ва видеоии дорои мазмуни ифротгароёна ворид мегардад.
Солҳои охир мутобиқ гардондани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар маҷмуъ, раванди афзоиши тундгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Аммо ин падидаи хатарнок ҳанўз пурра аз байн бурда нашудааст. Аз ин рў, андешидани тадбирҳои муассир ва ҷалби имконияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон мебошад.
Бибисоҳиба ЗАРОБЕКОВА,
омўзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр