Нашрияи Омӯзгор

Дар сафи  олимони маъруф

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Муҳаққиқони маъруфи ҷаҳон ба ҳайати Академияи миллии илмҳои Беларус (АМИБ) интихоб шуданд. Дар байни онҳо номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), академик Фарҳод Раҳимӣ низ ба назар мерасад.

Бино ба иттилои «БелТА», қарор дар ин бора дар натиҷаи овоздиҳии кушода дар ҷаласаи маҷлиси умумии маркази миллии илмӣ, ки дар он тақрибан 300 нафар намояндагони илмҳои академӣ ва соҳавӣ, мансабдорони баландпоя, намояндагони сохторҳои давлатӣ ширкат мекунанд, қабул карда шуд.

Дар миёни аъзои хориҷӣ президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ, академики Академияи илмҳои Русия (АИР) Сергей Глазйев, ноиби президенти АИР Ирина Донник ва узви вобастаи АИР Михаил Ковалчук ба ҳайати АМИБ интихоб шуданд.

АМИТ «Ховар

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш