Нашрияи Омӯзгор

«Душанбе — пойтахти фарҳангии иттиҳод-2021»

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид. Дар маросими мазкур  аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  ҳамчун рамзи эҳтиром ва дўстиву рафоқати сокинони Душанбе ба ҷониби Қаракули Қирғизистон, ки дар соли 2022 унвони пойтахти фарҳангии Иттиҳодро соҳиб гардидааст, туҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар маросими расмии пўшидашавии  лоиҳаи  «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ,  намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корпусҳои дипломатии  муқими Тоҷикистон,  олимону адибон  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш