Нашрияи Омӯзгор

Мақоми волои фалак

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 106        Шарҳ: 0

 

Ба Феҳристи мероси ғайримоддии муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шомил шудани Фалак, ки хеле зиёд интизор будем, моро масрур гардонд ва сарамонро ба осмон расонд. Ҳаббазо! Чӣ хуш!». Чунин изҳор намуд ҳаяҷону шодии худро фалаксарои шинохта, роҳбари ансамбли «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева .

Соҳиба Давлатшоева афзуд, ки фалак-маҷмуи суруд ва навои бебаҳои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кўҳистон маъмул мебошад. Онро  ҳунармандони тоҷик дар асри сипаригашта ва замони мо ривоҷу равнақ дода,  ба оламиён муаррифӣ намуданду тавассути  ҳунари онҳо мутахассисони олам ба суннатҳои мусиқии мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд.

«Фалаксароён бо сурудани он розу ниёз, ғаму шодӣ ва дарди дилу нобасомониҳои рўзгорро бароварда мекунанд ва гўё  маънии  фалакро аз фалак меҷўянд»,-гуфт Соҳиба Давлатшоева.

Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тўли садсолаҳо аз гўш ба гўш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрўз расидааст ва дар замони мо низ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумўи ин жанр таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 октябр чун Рўзи Фалак  ҷашн гирифта мешавад. Ин жанр ба ҷуз аз Тоҷикистон, инчунин, дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ  маъмул аст. Аз рўи анъана матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин, ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрўзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш